Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, ман бовар намекунам.
– Агар бобоятро барои хунукназариаш суд кунанд чӣ?
– Ин хел нагўй.
– Ба ҳар ҳол?
– Худо нигоҳ дорад, охир ман ўро ниҳоят дўст медорам.
– Маро чӣ?
– Туро ҳам.
– Агар рафту аз ду якеро интихоб кардан лозим ояд, ту киро интихоб мекардӣ?
– …
– Он шабе, ки дар хона набудӣ чӣ баҳона кардӣ?
– Ба бибиам гуфтам, ки ба хонаи худамон рафта будам.
– Бовар кард?
– Ҳа, кампири бечора аз куҷо донад, ки…
– Чаро гапатро дуздидӣ?
– Ба гуфтанаш забонам намегардад.
– Не гап зан.
– Аз куҷо донад, ки…
– Чаро боз хомўш шудӣ?
– Гўё, ки намедонӣ?
– Чаро?
– Ки ман дар куҷо будам?
– Дар куҷо будӣ?
– Дар оғўши ту,– гуён Дилором сар ба зер афканда ниҳоят гуфт, ки метарсам боз фиребам накунӣ.
– Охир ту ҳанўз ба ҳаждаҳ надаромадаӣ?
– Чаро инро барвақтар фикр накардӣ?
Ў духтарро оғўш гирифта гуфт:

– Бо Дилоромам маро ором нест,
Бурда дил аз дасти ман оромро…

– Ин шеъри худат?
– Набошад чӣ, туро дидаму сабри дили хешро гум кардам.
– Агар рафту ба ман ягон ҳодиса рўх диҳад?
– Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Аз даҳонат шамол барад, чӣ хел ҳодиса, канӣ гап зан.
– Гўё худат намедонӣ

пешина
аз 416
навбатӣ