АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

«Наход наояд? Пас муҳаббат куҷост». Хост ба ҷойи кораш занг занад, вале ғурураш баланди кард. Афсўс хурд, ки як соати вақти худро ба ҷойи китоб хондан ба орою торои ҳуснаш сарф кард. Пероҳани аз ҳама зебояшро пушид. Хайрият модараш чизеро пай набурд…
Занги дар садо дод. Модар аз ошхона садо дод, ки бинад, ки кист.
Наташа чӣ хел ба назди дар омада онро кушод, худаш ҳам нафаҳмид. Дар рў ба рўяш бо дастагуле Абдумаҷиддов меистод…
– Кист? – овоз дод аз ошхона модар.
Наташа, ки лолу карахт пеши дар рост меистоду ҳанўз меҳмонро ба хона таклиф накарда буд, худро ба даст гирифту гуфт.
– Гург.
– Чӣ?
– Гург Модар аз суханони духтараш чизеро пай набурда берун баромад ва дар остона ҷавони зебоеро бо дастагуле дида пурсид.
– Ин кас кӣ?
– Ба фикрам ҳамон гурги гуфтагиат,– гуфт духтар.
– Марҳамат гузаред писарам,– гўён Мария Даниловна ҷавонро ба хона таклиф кард.
Акбар ки чунин тарзи пешвозгириро ҳеҷ интизор набуд аз рафтори маҳбубааш сару қолабашро гум карда намедонист, ки гулдастаро ба кӣ диҳад. Наташа пешдасти карду гулдастаро аз дасти ў гирифта, ба дасти модар дода гуфт.
– Оча, ин кас Акбар.
– Акбар, ин кас модари ман, Мария Даниловна.
– Марҳамат Акбарҷон гузаред,– гуён Мария Даниловна Абдумаҷидовро ба меҳмонхона таклиф кард.
– Мария Данилова меҳмонро хайрамақдам гуфта, рухсат пурсида ба ошхона рафт.
Нигоҳҳо, ки ҷўёи савол буданд ба ҳам бархуранд…
Гар чӣ тафсири забон равшантар аст.
Лек ишқи безабон равшантар аст9.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо