Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтар нигоҳашро аз нигоҳи чавон гурезонда ба назди оинаи нилгун рафта, тугмачаашро пахш кард. Телевизиони Тоҷикистон барномаҳои идонаи хешро оғоз намуда буд…

  • Чӣ хел нигоҳ мекунӣ?
    – Чӣ хел нигоҳ мекунам.
    – Чун рентген,– бо як табассуми латифе гуфт духтар.
    – Не, ман чун харидор ба ту нигоҳ мекунам.
    Рухсораҳои духтар лолагун шуданд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо ба ҳусни нотакрори духтар ҳусни нав зам мешуд…

Гар чӣ гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.10

– Гўш кун намешавад, ки ҳамон суханони тайёр кардаатро ба пиру кампир нагўй?.
– Чӣ ту рози нестӣ?.
– Не, ман розӣ, вале мехоҳам, ки шунавандаи аввалини он суханон худам бошам.
– Охир ман он суханро ба ту гуфтам– ку…
– Бо шеър хуб аст, вале ман шунидани насрро хуш дорам.
– Чӣ илоҷ роҳи дигареро намебинам, модоме, ки ту азизам насрро хуш дорӣ гўш кун: – Ман туро дўст медорам. Мехоҳам, ки ҳамсари ҳайётиам шавӣ. Оё ту ҳамин суханони маро қабул дорӣ?.
– Ман ҳам туро дўст медорам ва тайёрам, ки дар ҳама ҳолат хоҳ рўзи нек бошаду хоҳ бад шарики ҳайётии ту бошам.
Акбар хост, ки барои ин суханони нек аз лабони чун гули навшукуфтаи маъшуқааш бўсае ситонад, вале Наташа хесту аз меҳмонхона бадар рафт…
Ў танҳо монда ба курсии мулоим такя карда, чашм ба оинаи нилгун духт. Сайёҳат Неъматова11 аз дастовардҳои соли сипаришуда ҳарф мезад…
Наташа ҳамроҳи падараш вориди меҳмонхона шуда Акбарро ба қиблагоҳаш ва падарро ба ҷавони дўстдоштааш муаррифӣ намуд…
Чун падар меҳмонро хайрамақдам гуфт, Наташа онҳоро танҳо гузошта худ ба ёрии модар ба ошхона шитофт.
– О, балочае ман гумон кардам, ки …

пешина
аз 416
навбатӣ