АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дилором модарашро бовар кунонид, ки худи ҳамин ҳафта Камол ба хонаи онҳо хосгор мефиристад. Чӣ хел яку якбора Дилором ба шавҳар мебарояд. Пас хонданаш чӣ мешавад?
– Ба ҳар ҳол падаратро пурсидан лозим меояд, – гуфт модар.
– Ҳамин корро кардан лозим нест оча . Ў агар бахти моро мехост аз қафои дигар кас намерафт.
– Хайр зинда бошем мебинем, ки оқибати кор чӣ мешавад,
– аз дил гузаронд Шаҳло…
… 36 …
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, летенанти милиса Абдумаҷидов субҳи рўзи аввали соли нав ба милиса омад. Аслан таъбаш болида буд. Барфи борида табиатро сафед пушонда буд. Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, бачаҳо барфбозӣ мекарданд. Умуман, як шукўҳи тозаеро дар тамоми роҳи то милиса омаданаш ў мушоҳида намуд.
Ўро танҳо як фикр ором нагузошт, ин ҳам бошад суханони мўйсафед Мадалиев нисбат ба наберааш ва муносибати набераи мўйсафед бо писари Маҳмадова. Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан ҳатман ба манзили Маҳмадова ташриф овардан лозим,– аз дил гузаронд Абдумаҷидов. Бинобар он барои дар ин кор (дузди ) нисбат ба Маҳмадова далеле дар даст надошт, дар рўзи ид чунин ташрифи ногаҳониро напазируфт ва корҳои дохили идоравииро то нисфирўзӣ анҷом дода, сипас ба хонаи иҷоравиаш рафт ва субҳи рўзи 2 – январ ба хониши китобҳои бадеӣ ва тамошои барномаҳои идонаи телевизионӣ машғул шуд…
… 37 …
Нозири минтақавӣ капитан Хоҷаев соати бисту яки шаби 1– январ ба хонаи Одилов Усмон, ки дар зери назорати маъмурӣ буд ташриф овард. Ба маҳдудиятҳои назорати маъмурӣ нигоҳ накарда, Одилов дар ҷойи истиқоматаш набуд.
Алишер Хоҷаев дар ин бора ҳуҷҷат тартиб дода, бо иштироки шахсони холис, ки аслан ҳамсояҳои Одилов буданд, онро тасдиқ кард ва роҳи шуъбаро пеш гирифт. Ў аз паҳлўйи ресторани «Вахш» гузашта истода овози шиносеро шунид, ки номашро гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо