АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ў ба тарафи овоз бвргашта собиқ ҳамкурсаш Рустам Одинаевро дид. Хоҷаев чандин сол боз Рустамро надида буд. Онҳо ҳарду донишкадаи тарбия ҷисмони Тоҷикистонро хатм намуда буданд. Баъди вохўрӣ бо таклифи Одинаев, ки дар меҳмонхонаи «Вахш» муваққатан сукунат доштааст, ҳарду озими меҳмонхона шуданд.
Нохост чашми Хоҷаев ба Одилов бархурд, ки ҳамроҳи як ҷавони аз худаш тахминан даҳ сол хўрд ва ду ҷавонзан саргарми айши хеш буданд. Хоҷаевро танҳо як чиз дар шигифт овард, аз куҷо Одилов, ки мудатҳои дароз дар ягон ҷо кор намекунад ва кўдакону ҳамсараш ҳамеша нимгуруснаю ним бараҳнаанд пул ёфта, чунин айшро ба худ раво дидааст…
Хоҷаев аз Одинаев хоҳиш кард, ки ҷойи нишасташонро тағир диҳанд ва Рустам ҳам чизе нафаҳмида розӣ шуд. Онҳо дар яке аз мизҳои холии наздики дар ҷой гирифта пешхизматро ҷеғ заданд…
Хоҷаев аз дур ҳаракатҳои Одиловро наззора мекард…
Соати 22 30 дақиқа Одилов пешхизматро ҷеғ зада худаш ҳисобӣ намуд ва боз як қабза пули боқимондаро ба киссааш андохта, ҳамроҳи он ҷавону ду оимча ба тарафи дари баромадгоҳ омад…
Ҳарчанд Хоҷаев он шаб дар либоси ғайринизомӣ буд, вале Одилов ўро шинохт ва дилу бедилон ба наздаш омад.
– Бубахш начальник.
– Дар ин ҷо бахшидани ман ягон чизро ҳал намекунад.
– Ҳамааш ба худатон вобаста начальник.
– Пас қонун чӣ мешавад?
– Эй қонун гуфта мешини начальник, биё беҳтараш ман зиёфати шуморо ҳам ба гардан мегираму шумо маро надидеду ман шуморо.
– Охир шумо дар ягон ҷо кор намекунед, аз куҷо зиёфати моро пардохт мекунед?
– Эй начальник аз паяш мегардед, ризқро худои таолло медиҳад.
– Гўш кун рафиқ Одилов, мо ба ягон зиёфати шумо эҳтиёҷ надорем, ин як, дуюмаш ин, ки соати бисту як ман меҳмони хонадони шумо будам, вале шуморо дар манзилатон наёфта, дар ин бора дар ҳузури холисон санад тартиб додам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо