Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сеюмаш ин, ки худи ҳозир барои вайрон намудани қоидаи назорати маъмурӣ шуморо ба милиса мебарам.
– Рафту ман наравам чӣ?
– Шумо ҳатман меравед, нарафтан ин танҳо бар зарари худи шумост. Дар акси ҳол ман шуморо маҷбуран ба милиса мебарам ва шумо ҳатто ба ягон ҷо шикоят карда наметавонед.
– Медонам.
– Бисёр хуб, акнун беҳтар мешуд, ки бо ягон баҳона дўстонтонро рухсат медодӣ ва худ ҳамроҳи мо мешиштӣ.
– Не онҳо ҳамроҳи ман мераванд.
– Чун адвокат?
– Бигузор онҳо фаҳманд, ки милисаҳо дўстӣ надоранд.
– Чӣ ман ягон бор ба худат дўст будам,– талх карда гуфт Хоҷаев
– Не, ман ҳамин хел дар омади гап гуфтам.
– Акнун ин ҷо шин амр кард капитани милиса ва худ пешхизматро ҷеғ зада оҳиста ба гўшаш чизе гуфт. Пешхизмат хуб гўён аз назди онҳо дур шуд.
– Шояд ман равам, охир рафиқони ман дар берун,– гуфт Одилов.
– Шин дар ҷоят!– амр кард капитан.
Баъди даҳ дақиқа Хоҷаева пешхизматро ҷеғ зада ҳисоби намуд ва ҳамроҳи Одинаеву Одилов ба берун баромаданд.
Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда ҷавонон дар кўчаҳои шабонаи шаҳр сайругашт доштанд.
Дўстони Одилов ўро дида ба наздаш омадаанд ва сабаби дермониашро пурсон шуданд. Чун яке аз занҳо фаҳмид, ки Одиловро ба милиса бурданианд мағал бардошт.
– Аввал моро то манзиламон гусел намо, пас ба куҷое мехоҳи рафтан гир,– гуфт он зан. Суханони тасалобахши Одилов ҳам ба дардаш даво нашуданд ва ба тарафи Хоҷаеву Одинаев, ки дар шаби соли нав майишаташонро вайрон карда буданд, суханҳои қабеҳ гуфт. Дар ҳамин асно автомашинаи милиса аз гардиши пеши бонки миллӣ тоб хурда дар рў ба рўи меҳмонхона қарор гирифт. Сержанти милиса замоне аз автомашина берун шуда ба Хоҷаев ба таври расмӣ гузориш дод, ки бо амри ў ба ин ҷо фиристода шудааст. Ҳимоятгарони Одилов ин манзараро дида муҳри хомўшӣ ба лаб заданд.

пешина
аз 416
навбатӣ