АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Он кас дар ошхона, ҳозир меояд,- гўён Шаҳло бори дигар падару модарашро хайра мақдам гуфта аз меҳмонхона берун шуд.
– Ба хотири Шаҳло илтимос Дилоромро хафа накун таъқид кард кампир.
– Агар ман мефаҳмидам асло қадам ба ин ҷо намегузоштам. Ту чӣ хаёл мекунӣ, ки ягон ҷавони хуб набераатро ба занӣ гирифтанист?.
– Набошад чӣ?
– Хобатро ба об гўй, чунин хостгории нобаҳангом оқибати хуб надорад, аслан он мисли селест, ки меояду вайрон мекунаду меравад.
– Гуфтам-ку ба хотири Шаҳло...
– Шаҳло дастурхон ва Дилором чойники чой дар даст вориди меҳмонхона шуданд. Дилором хомўш буд. Бибиаш аз рухсораи вай бўса карда, ўро табрик намуд. Мўйсафед ҳам нигоҳи саволомези духтарашро дида, бо ў вохўрӣ кард ва барояш бахти сафед орзу намуд. Шаҳло андаке бошад ҳам осуда шуд. Дилафрўз давида ба хона омада хабар дод, ки қудоҳо омадаанд ва Дилором саросемавор меҳмонхонаро тарк кард. Мўйсафеду кампир ҳам ба истиқболи хостгорҳо бархостанд ва мўйсафед ҳамроҳи ду марди миёнсол.
Фариштаро дид…
… 40 …
Руслан Ҷонибеков алиби боэътимодтаре дошт. Ин ҳам бошад чиптаи самолёт буд. Аз рўйи чипта бар меомад, ки ў рўзи 1. январ соати 10 – субҳ ба воситаи тайёраи Ту – 154 аз Тошкант ба Душанбе омадааст. Соатҳои 16 – дар кўчаи Комсомол Одиловро вохўрд ва бегоҳӣ ўро ба меҳмонхонаи «Вахш»
даъват кард, зеро дар ҳамон меҳмонхона маскан гирифта буд.
Ба саволи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Аблумаҷидов дар бораи он, ки чаро милисаро дида нагурехт чунин посух дод:
– Азбаски ман дар меҳмонхонаи «Вахш» маскан гирифта будам, ҳамаи ҳуҷҷатҳоям ғайр аз пулҳояям он ҷо буданд то лаҳзаи охирин ман нафаҳмидам, ки Одилов бо милиса суҳбат дорад. Ҳатто вақте ман автомашинаи милисаро дидам гумони ботиле ба сарам наомад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо