АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ва ҳама кор чунон тез рух дод, ки ман чӣ тавр дар автомашина нишастанамро надонистам.
Ба саволи он, ки чӣ тавр шахси дар ҷустуҷў буда, ҷасорат пайдо карда ба меҳмонхона рафтааст, Ҷонибеков гуфт, ки ин ҷо саҳв шудааст ва ў ҳеҷ тарсу биме надорад. Дар бораи пулҳои дар ҷайбаш буда гуфт, ки онҳоро ба воситаи зайёми сефоиза буридааст ва дар ин бора ҳуҷҷат ҳам дорад. Ман як маротиба хатто кардам, вале ин маънои онро надорад, ки як умр аз таъқиб халос нашавам… Албата ҳамаи нишондодҳои Ҷонибековро санҷидан зарар ва барои ин бошад вақт лозим аст...
Абдумаҷидов давом додани суҳбатро бо Ҷонибеков бефоида шумурда онро қатъ кард.
Азбаски капитани милиса Алишер Хоҷаев дар бораи суханони ношоистаи Парвина Маҳмадуллоева ҳарфе нагуфт, шабона баъди аниқ намудани ҷойи зисташон ў ва Суман Гуловаро ҷавоб доданд ва тафтишот пурсиши онҳоро лозим надонист…
… 41 …
Летенанти милиса Абдумаҷидов бегоҳии рўзи 3– январ боз роҳи хонаи Маҳмадовро пеш гирифт. Дарро ин дафъа ҳам ба рўяш писари соҳибхона Камол кушода, ўро ба хона таклиф кард.
– Ин дафъа ҳам кори шумо омад накард,– гуфт Камол.
– Чаро?
– Чунки модарам ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз омадани шумо ба меҳмонӣ рафтанд.
– Набошад ман меравам.
– Не, ако ман шуморо ин хел рафтан намемонам, аввал як пиёла чойи моро гиред, пас ихтиёратон.
– Ҳарчанд дар асоси низомнома ва инструксияҳои бешумори ВКД чунин ҳолатҳо маън карда шудааст, вале як умр аз рўйи низомнома амал кардан ҳам хаттост. Чӣ магар як пиёла чойро нўшидан ақидаи кормандонро нисбат ба кор дигар мекунад?
Баръакс кормандони милиса бо ҳамин васила ба дили соҳибхона тезтар роҳ меёбад. Абдумаҷидов ҳам гарчанде таҷрибаи ками корӣ дошт, вале ақли солимро аз ҳама гуна низомнома боло мегузошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо