АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Тенҷӣ– мӣ? Вақти риштарошӣ ҳам наёфтед, – худро ба нодонӣ зада пурсид духтар.
– Ту хабар надорӣ?– дар навбати худ суол дод мард.
– Аз чӣ?!
– Замираро як ҳафта пеш ба қатл расонданд.
– Чӣ?
– Замираро куштанд.
– Кӣ?
– Намедонам.
– Пас ин милиса чӣ кор мекунад ё фақат вазифаи худро дар боздоштани мошинҳо ва ҷаримаи ронандагони бечора мебинанд, – калонгарона гуфт духтар.
– Милиса кори худро медонад. Ташаккур ба онҳо ки дар як муддати кутоҳ шахсияти Замираро муайян карданд. Ба фикрам дар чунин мавридҳо шабона ҳам кор мекунанд.
– Агар кор кунанд, чаро то кунун қотилро дастгир накарданд?
– Дастгир мекунанд. Инро ба ман ваъда доданд.
– Дар як ҳафта, ки дастгир накарданд, пас кай дастгир мекунанд? Аз онҳо фақат гап гиред.
– Онҳо то ҳоло туро ҷеғ назаданд?
– Маро барои чӣ ҷеғ мезадаанд?
– Онҳо донистан мехоҳанд, ки ман шаби 24 ба 25 феврал дар куҷо будам.
– Исто, исто! Ҳамон шаб мо қати будем– ку. Шаб борони сахт борид, Ҳатто садои тундару барқ хонаро ба ларза меовард.
– Ана, барои ҳамин ман маҷбур шудам, ки росташро гўям.
– Чӣ онҳо аз шумо гумонбаранд?
– Ҳа.
– Ман гуфтам– ку, онҳо хока намедонанд, шумо бошед, боз пуштибониашон мекунед.
– Агар бо онҳо вомехўрдӣ, албатта, ақидаатро дигар мекардӣ, ҳа?
– Ҳеҷ гоҳ.
– Зинда бошем, мебинем. Акнун гўед, ки дар давоми ин як ҳафта дар куҷо будед, ки ҳатто боре ҳам занг назадед? – – Рости гап дар се рўзи охир ман сад бор ба хонаатон занг задам, вале касе ҷавоб надод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё