АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Бо ҳамин фикру андешаҳо ў дар истгоҳи пеши идора фаромаду вориди бино гардид. Ба Табаров занг зада дар бораи рафти корҳои ҷустуҷўӣ хабар дод.
– Ман як соат пеш ба ҷойи кори Зубайдов занг задам. Аз Сатторӣ хоҳиш намудам, ки соати чордаҳ ўро ба прокуратура фиристад, ба фикрам ўро каме афшондан лозим, агар вақтатон бошад, соати чордаҳ ба прокуратура биёед, – гуфт Табаров.
– Ваъда дода наметавонам, вале кўшиш мекунам.
– Маҷбур намекунам, – гуфт Табаров.
«Табаров бе ман ҳам Зубайдовро мепурсад, беҳтараш вақтро аз даст надода, Халиловаро пурсидан лозим» аз дил гузаронид Акбаршоҳ ва гўшакро бардошта чанд рақамро пайи ҳам чинд.
– Навбатдори қароргоҳи тартиботи ҷамъиятии рақами ҳафтум гўш мекунад.
– Ман сарваколатдори кофтукови ҷиноятии ноҳияи Гулистон майори милиса Абдумаҷидов, – баъди салому алек худро муаррифӣ кард ў.
– Гўшам ба Шумо рафиқ майор.
– Шумо кӣ?
– Нозири минтақавӣ лейтенанти милиса Миров.
– Рафиқ лейтенант, хизмате дорам.
– Шуморо гўш мекунам, рафиқ майор.
Акбаршоҳ мақсади хешро иброз намуд ва чун ваъдаи ўро дар бораи иҷрои амраш гирифт, ба вай изҳори сипос намуда, гўшакро ба ҷояш гузошт…
Зебо Халилова баъди ду соат маротибаи дуюм вориди утоқи кории Акбаршоҳ шуд. Майор курсиеро ба ў нишон дода бо қошу қавоқи гирифта гуфт:
– Ман шуморо ба ин ҷо ба сифати гумонбаршуда оид ба парвандаи ҷониятӣ нисбат ба қатли Зубайдова даъват намудаам. Ба маълумотатон мерасонам, ки шумо ҳуқуқ доред ба саволҳои ман ҷавоб надиҳед ва нобоварии худро нисбат ба таҳқиқгар, яъне ман изҳор намоед. Аммо фаромўш накунед, ки хоҳед нахоҳед ба саволҳои он касе ки ба ҷойи ман менишинад, бояд ҷавоб диҳед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё