Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавон ҳайрон – ҳайрон ба котиба менигарист. Ҳеҷ гумон надошт, ки сардори ШКД ўро чунин сард қабул мекунад.
– Хафа нашавед, сардори мо ҷони одам, – гуфт котиба.
– Ақидаи ман бошад дигар хел.
– Дар давоми се моҳи таҷрибаомўзӣ ақидаатон дигар хоҳад шуд, акнун биёед рафтем.
– Ба куҷо?
– Ба назди сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ майори милиса Абдумаҷидов.
– Ман бояд дар тафтишот таҷрибаомўзӣ кунам.
– Дигарон орзуи ҳамроҳи Абдумаҷидов кор кардан доранд, шумо бошед…
– Майлат, ман розӣ.
Абдумаҷидов ҳамроҳи муфаттиши прократура Қурбонов оид ба ҳодисаи имрўза баҳс доштанд. Ҳар кадоме фикру ақидаи хешро дар бораи мақтули дар соҳили дарёи Душанбе ёфташуда бо факту далелҳо иброз намуданд. Котиба рухсат пурсида ҳамроҳи таҷрибаомўз вориди кабинет шуд ва супориши сардорро ба самъи ҳозирин расонида, берун баромад.
– Марҳамат гузаред, – гўён Акбаршоҳ ба истиқболи таҷрибаомўз аз ҷойи бархеста, барои вохўрӣ даст дода, сипас Қурбоновро ки ў низ аз ҷой бархеста буд, муаррифӣ намуд.
– Сафар Ислом худро муаррифӣ кард ҷавон.
– Бисёр хуб, марҳамат гузашта шинед.
Акбаршоҳ таҷрибаомўзро бо рафти кор дар бахши кофтукови ҷиноятӣ шинос намуда, мақсад ва вазифаи ин бахшро арзёбӣ кард.
Самӣ Орифӣ рухсат пурсида даромаду чанд дона расми мақтулро, ки дар соҳили дарёи Душанбе аксбардорӣ карда буд, ба дасти Акбаршоҳ дод.
Ў расмҳоро азназар гузаронида, яке аз онҳоро баргардонида хоҳиш намуд, ки шумораи онро зиёдтар тайёр намояд.
– Инро истифода баред, рафиқ майор, аз рўйи негативаш шумораашро зиёд чоп мекунам, – гўён Самӣ суратро пас гардонида рухсат пурсиду аз дар баромад.

пешина
аз 416
навбатӣ