АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Акнун, ки мо ду нафарем, албатта, талабот ҳам аз мо бештар аст, – гуфт Акбаршоҳ ба тарафи таҷрибаомўз нигариста.
– Мефаҳмам.
– Бисёр хуб. Набошад ҳозир ба китобхонаи Фирдавсӣ рафта, дар бораи санги алмос барои ман маълумоти муфассале биёред.
Таҷрибаомўз лаҳзае дудила шуд, вале ҳамоно аз райъаш гашт ва омодагии хешро барои иҷро супориши майор иброз намуд.
– Бисёр хуб, аз пайи кор шавед. Пагоҳ барвақттар биёед…
Акбаршоҳ оид ба ёфтшудани ҷасади марди номаълум ба ноҳияҳои гирду атроф хабарнома навишта ба кабинети Орифӣ рафт ва расмҳои нав тайёркардаашро гирифта, барои имзо намудани хабарномаҳо ба ошёнаи якум фаромад. Дар қабулгоҳи сардор се нафар менишастанд. Ў папкаи дар дасташ бударо ба дасти котиба супорида хоҳиш кард, ки онҳоро ба назди сардор дарорад ва худ ба кабинеташ баргашт.
… 24 …
Дар феҳристи китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ Сафар Ислом ин даъфе ба китобҳои соҳаи геология таваҷҷўҳ зоҳир намуд.
– Ҳа, Сафарҷон китобҳои соҳаи ҳуқуқ ба ҷонат заданд, ки ба соҳаи геология рў овардед? Сафар гашта дар рў ба рўяш ҳамсабақаш Давлатро дид.
– Не, Давлатбек, – ин супориши шеф аст.
– Супориши декан?
– Не, супориши касе, ки ман дар наздаш таҷриба меомўзам.
– Дар прократура?
– Не, дар милиса.
– О, ба милиса соҳаи геология чӣ лозим?
– Намедонам, вале ман дар бораи санги алмос бояд барои шеф маълумот ҷамъ оварам.
– Ҳамин ҳам таҷрибаомўзӣ шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё