АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале аз рўйи шунидам ҳар кас орзуи ҳамроҳи Акбаршоҳ Абдумаҷидов кор карданро дорад.
– Зинда бошем мебинем, ки шефат чӣ гуна шахс аст. Хуш монед, – гуён Давлат бо Сафар худоҳофизӣ кард.
Асари алоҳидае, ки дар бораи алмос маълумоти пурра диҳад дар феҳрист ёфт нашуд. Аз ин рў Сафар ба яке аз кормандони китобхона муроҷиат намуд.
– Дар ин махзани дониш роҷеъ ба алмос асари алоҳидае маҳфуз нест, вале дар баъзе рисолаҳои илмӣ, қобусҳо маълумот додаанд. Агар вақтатон бошад, ба зали шашум даромада талабнома нависед, – гуфт китобдор.
Ў дархост навишт. Тахминан ним соат пас китобдор ду– се китоб ва якчанд маҷалларо оварда наздаш гузошт. Сафар ба омўзиши пардохт.
Алмос аз калимаи юнони «адамас», ки маънояш «сахт» аст, гирифта шудааст. Шакли русии он «алмаз» аз вожаи алмоси форсӣ– тоҷикӣ гирифта шудааст. Бешубҳа ин номро тоҷирони Мовароуннаҳру Эрон бо ин санг ба Русия бурдаанд. Алмоси суфтаву сайқалдода ҳам дар забони мо ҳамин номро дорост, вале дар забонҳои аврупоӣ бриллиант номида мешаванд, ки аз калимаи франсавӣ гирифта шуда, маънояш дурахшон ё тобон аст.
Аксаран алмос беранг, баъзан ранги осмонӣ, кабуд, зард, сабз, сурх ва ҳатто сиёҳ мешавад. Таркиби кимиёвии алмос аз карбони тоза иборат аст.
Аввалин кони алмосдор «нойи Кимберлит» (дар Африқои Ҷанубӣ) тай солҳои 1871– 1908 қариб чил сол дастӣ кофта шуда, имрўз калонтарин ва чуқуртарин чоҳи сунъӣ дар рўйи замин ва умуман дар таърихи башар мебошад. Бари даври болои он 460 метр ва чуқуриаш 1070 метр аст, ки аз он ҳамагӣ се тонн алмос ба даст омадааст. Мувофиқи ҳисобҳо, аз як тонн сангу хоку шағали кон ним қирот ё каме зиёдтар алмос ба даст меояд.
Аксари алмосҳои таърихӣ роҳи дуру дарозеро паймуда, шоҳиди бисёр воқеаҳо ва ҳатто фоҷиаҳои хунин низ гардидаанд. Ҳар як алмоси таърихӣ номи худро дорад, чун Орлов, Ситораи Қутб, Сансӣ, Ситораи Ҷануб, Кўҳи Нур, Регент, Шоҳ ва ҳоказо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё