АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Бори охирин чӣ хизматеро барои Замира адо кардед?
– Бори охирин дар аввалҳои моҳи феврал ў шаддаи марҷоне (коралл)– ро ба назди ман овард ва чун фикри маро дар бораи ин санг шунид хандида гуфт, ки иншоолоҳ ин шадда маро аз раъду барқ муҳофизат хоҳад кард. Дигар ў ба назди ман наомадааст.
– Оё ягон бор Замирахон алмосро ба ташхиси шумо наовардааст?
– Алмос ин тиллою марҷон нест, ки дастраси ҳама бошад, ба фикрам агар Шумо чӣ будани алмосро медонистед, чунин суол намедодед?
– Албатта мо аз алмоси «Шоҳ», «Сансӣ» ё «Регент»
пурсиданӣ нестем, чунки ҳар кадоме аз инҳо боигарии давлатҳои алоҳидаанд, вале ҳастанд асбобҳои ороиши занона, ки ҷузъҳои хурди алмос – бриллианти онҳоро зеб медиҳад.
– Замоне ман ташхисгари сангҳои қиматбаҳои Вазорати молияи ҷумҳурӣ будам, дар ҳамон ҷо ҳам сангҳои номбаркардаи шуморо надидам. Он чизе ки нисбат ба асбобҳои ороишии занона гуфтед ҳаст, вале Замирахон ягон бор чунин асбоб аз қабили дастпона, гўшвор ё чалла, ки нигинаш аз бриллиант бошад ба ман муроҷиат накардааст.
– Гўед, ки шаби 24 ва 25 феврал шумо дар куҷо будед?
– Дар авҷи осмон.
– Ки инро тасдиқ мекунад.
– Ҳамаи онҳое ки ҳамроҳи ман дар авҷи осмон буданд ва агар чиптаамро гум накарда бошам, он ҳам тасдиқкунандаи фикри ман аст.
– Дар тайёра кӣ будани шуморо тасдиқ мекунад.
– Стюардеса Гуля.
– Боз мегўед, ки фаромўшхотирам, ҳатто ному насаби стюардесаро фаромўш накардаед.
– Баъзе ҳолатҳое мешавад, ки касро фаромўш кардан душвор аст. Он шаб ман ҳам дар авҷи осмон каме тобам гурехту тугмачаи болои сарамро зер кардам. Лаҳзае пас духтараки баландқомати сабзинае назди ман ҳозир шуд. Дид, ки нотоб ҳастам, ҳозир гўён рафту лаҳзае пас ду таблетка ва об овард. Истеъмол карда худро беҳтар ҳис кардагӣ шудам. Чун ба Домодедово фуруд омадем номи ўро пурсидам. Духтарак худро Гулнора гуфта муаррифӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё