Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман гуфтам, ки илоҳо барака ёбед. Гулнора хандида гуфт ки қиблагоҳи маро чунин ном аст. Ман чизе нафаҳмида пурсидам, ки чӣ хел?
– Гулнораи Баракатулло,– худро ба таври низомӣ муаррифӣ кард ў ва ба ман саёҳати хуб орзу намуд.
– Медонед, чӣ ҳамон шабе, ки шумо дар авҷи осмон аз хизмати Гулнораи Баракатулло баҳравар шудед, кадом нохалафе Замира Аскаровнаро ба қатл расонидааст.
– Наход, ҳеҷ боварам намеояд.
– Ана, ҳамин хел Ҷамол – ака.
– Кадом нохалаф бошад?
– Намедонам, бино бар ҳамин шуморо ҷеғ задем, чунки дар чунин лаҳзаҳо ба ёриатон муҳтоҷем. Агар рафту ягон чизеро дар бораи Замира Аскаровна ба ёд овардед, ҳатман ба мо хабар диҳед.
– Хуб шудааст.
– Акнун нишондодатонро хонда имзо гузоред.
Давронов ба нишондоди хеш, ки Абдумаҷидов онро навишта буд, ҳатто нимнигоҳе накарда, дар ҷойҳои нишондода имзо гузошта, бо ҳозирин худоҳофизӣ намуд.
Аз лаҳзаи аз бинои милиса баромадан, ҳар қадами ў дар зери назорати кормандони милиса буд…
– Ана, ёбеду гиред, Исҳоқ Табарович, ин ҳам барои ҳимояи хеш чунин алибиҳое тайёр кардааст, ки ҳатто бо табар онҳоро бурида намешавад.
– Ин ҳамааш дар мадди аввал.
– Чӣ хел?
– Биё камтар майнаро об кунем. Охир ў метавонад аз хизмати дигар кас истифода барад. Ман аминам, ки амалиёти мазкурро маҳз худи Давронов тарҳрезӣ кардааст. Оё Шумо ҳис кардед, ки чӣ хел ў интизори саволи Шумо буд ва чун онро шунид бе ягон истиҳола гуфт: Дар авҷи осмон, Гулнораи Баракаттуло! Агар ҳамин суолро намедодед ў торс мекафид. Ба фикрам чиптаи тайёраро ҳам ҳамроҳаш оварда буд, вале барои чашмбандӣ гуфт, ки шояд дар байни ҳуҷҷатҳо дар хона бошад.
Ҳарчи тезтар ўро ба зери назорат гирифтан лозим. Ба шогирд супориш диҳед муайян намояд, ки Давронов чи гуна шахс аст, дар байни кадом гурўҳи аҳолӣ мегардад, ягон бор пеш аз ин дар дорулаҳлоқ будааст ё на?

пешина
аз 416
навбатӣ