Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Акнун ба экспедисияи геологӣ равед. То сентябри соли 1988 Кабудов он ҷо кор кардааст. Ҳамаи маълумотҳоро дар бораи ў аз муассисаи мазкур ҷамъ оваред. Инчунин фаҳмед, ки Кабудов бо Давронов, ки ў ҳам геолог ҳаст шиносанд, ё не?
– Хуб шудааст…
… 27 …

Прокурор Олимӣ дар аввал фикри пешниҳодкардаи Табаровро напазируфт.
– Гўш кардани гуфтугўӣ телефон дар айни вақт ягон зарурате дорад. Барои ҳамин аз рўйи шакли умумӣ бо роҳи пурсиши шоҳидон, инчунин назорат аз қафои гумонбаршуда кор бурдан беҳтар аст. Танҳо баъди бо далелҳои раднашаванда муайян сохтани гунаҳкории Давронов ба назди ман биёед.
Табаров ҳам бой додан намехост. Вале дар интиҳо ба хулосае омад, ки прокурор аз райъаш гаштанӣ нест. Ў ба Абдумаҷидов дар ин бора хабар дод.
– Боке нест Исҳоқ Табарович ягон илоҷашро меёбем.
– Чӣ хуб, ки маро фаҳмидед Акбаршоҳ Ҳакимович, ташаккур ба шумо.
– Саломат бошед…
… 28 …

– Ба Шумо кӣ лозим?
– Ҳасан.
– Марҳамат гузаред.
– Акбаршоҳ бори дигар ба соҳибхона назар карда, вориди хона шуд. Ў фаҳмид, ки ҳамин зан ҳамсари Ҳасан аст.
– Ҳасан, меҳмонро қабул кунед, гуфт зан.
– Ҳозир.
Акбаршоҳ ба меҳмонхона даромада интизори омадани Ҳасан шуд. Ҳасан омада меҳмонро хайра мақдам гуфт.
Ў аслан ҷавонмарди бистуҳашт – сисола аст, аммо мўйҳои бармаҳал сафедшудааш синну солашро калонтар нишон медод.
– Хуш омадед, – бародар, дуюмбора гуфт Ҳасан.
Зан дастурхон густурда, ширинӣ ва чой оварда баромада рафт.

пешина
аз 416
навбатӣ