АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Гўш кунед Ҳасан, ман аз милиса фардо субҳ ба наздам биёед.
– Хуб шудааст, бародар.
Акбаршоҳ фаҳмид, ки Ҳасан намехоҳад ҳамсараш дар ин бора донад. Ў як пиёла чой гирифта, фотеҳа карду аз ҷоӣ бархост.
– Хўрок тайёр, як дам шинед, – гуфт ҳамсари Ҳасан аз ошхона баромада.
– Ташаккур бевақт шуд ба хона рафтан лозим.
– Кошки, ҳамаи мардҳо мисли Шумо бошанду баъди кор роҳи хонаро фаромўш накунанд, ҳамин хел не Ҳасан, – гуфт зан.
Ҳасан сар ҷунбонда, чизе нагуфт.
– Хост, ки меҳмонро гусел кунад, вале Абдумаҷидов дар остона бо ҳарду хайрухуш намуда аз зинаҳо поён шуд…
– Чи дунёи зебост дунёи кўдакӣ. Дунёи беолоиш аз макру фиреб. Дунёи дур аз сиёсат, – аз дил гузарон Акбаршоҳ ва аз дур ба бозии Далеру ҷўраҳояш хело назора кард:
Тифлию домони модар хуб биҳиште будааст.
То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем…
Далер ўро дида дадаҷон гўён ба тарафи падар давида худро ба оғўшаш партофт.
Ў Далерро бўсида аз дасташ гирифта ба хона омад.
– Оча!
– Чӣ бачам.
– Дадаҷонам омаданд.
– Бисёр хуб,– гўён модар аз ошхона берун омад ва Далерро ҳамроҳи падар дид.
– Хайрият, мардакҷон як бор ҳам Шуморо рўзона медидем.
– Парво накунед чун ба нафақа баромадам аз паҳлуи Шумо ба ягон ҷо намеравам ва ҳамаи дермониҳои хешро ҷуброн мекунам.
Зан табассум намуда гуфт:
–Ҳозир хўроки шом тайёр мешавад.
Далер аз дидаю шунидааш хело барои падар нақл кард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё