Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намехост, ки ақалан хасе аз он хонадон кам шавад.
– Ин беҳтар аз он аст, ки касро барои ҷиноят ба маҳкама кашанд?
– Гапатон ҳақ, вале инро ба Зулхумор фаҳмонда мешавад?
– Пас чӣ шуд?
– Дар аввал ман розӣ шудам.
– Ба кадом шарт?
– Баъди ним соли зиндагӣ ў бояд аз Зубайдов ҷудо мешуд ва мо хонадор мешудем. Дар он сурат ҳам мероси Зубайдов се тақсим мешуд, ки барои зиндагии якҷояи мо басанда буд.
– Чаро се қисм?
– То он вақт тифли ў ба дунё меомад ва ў ҳам яке аз он ҳиссаҳоро ҳамроҳи модараш соҳибӣ мекард.
– Бад не, баъд чӣ шуд?
– Ман ихтиёран аз содир кардани ҷиноят даст кашидам.
– Дар ин бора Зулхуморро огоҳ кадед.
– Не.
– Чаро?
– Ман ба хонаи онҳо занг задам, вале модараш гўшакро бардошта Зулхуморро ба назди телефон даъват накард. Дар давоми чанд рўзи дигар ман ҳар қадар занг задам, касе гўшакро набардошт. Чу фаҳмидам, ки ҳамсари Зубайдовро ба қатл расонидаанд, қариб девона шудам. Хостам Зулхуморро ёфта дар ин бора пурсам, вале гўё замин ўро фурў бурда буд. Ман бошам ба хонаи падару модараш рафта наметавонистам.
Ҳафтаи гузашта худи ҳамин рўзи сешанбе Зулхумор аз куҷое занг зада, маро ба вохўрӣ даъват кард. Аз ин рафтори ў ман ҳатто дасту по хўрда, ба вохўрӣ шитофтам. Чун мо вохўрдем, аз Зулхумор талаб кардам, ки номи онеро ки ҳамсари Зубайдовро ба қатл расонидааст бигўяд.
«Ту чӣ девона шудӣ магар?, – гуфт Зулхумор, – ман дар ин бора ба касе даҳон накушодаам. Аз воқеа огоҳ шуда гумон кардам, ки ту ўро ба он дуньё фиристодӣ…» Ман дигар охири ин сухани ўро гўш карда натавонистам. Пеши чашмамро сиёҳӣ гирифт ва як мушти обдоре ба рўяш фаровардам. Ў аз ин рафтори ман тарсид магар, ки ба тарафи дар давида онро кушод, ман аз қафояш давида – надавида дар ҷоям шах шудам .

пешина
аз 416
навбатӣ