АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Чаро?
– Чунки дар рў ба рўйи мо ҳамсари ман меистод…
… 30 …
Сафар танҳо дар нимаи рўзи дуюми ба идораи ҷустуҷўи геологӣ рафтанаш ба милиса баргашт. Барои дер мондан аз Акбаршоҳ узр пурсида, ба сари мақсад омад.
– Ўроз Кабудов аз соли 1984 то соли 1988 дар экспедитсияи геологии ҷанубӣ ба ҳайси фелшер кор намудааст. Маҳз дар ҳамин давра Давронов Ҷамол вазифаи саргеологи экспедитсияи мазкурро ба ўҳда доштааст. Кормандони кўҳансол ёдовар шуданд, ки Кабудов дузди гузаро буд. Чандин бор барои корҳои нолоиқаш дар экспедисия кафшҳояшро пеши пояш мондани шуданд, вале Давронов ҳамеша ба ёрии ў шитофта аз ҷазои маъмурӣ озодаш мекард. Рафта–рафта кор ба дараҷае расид, ки ҳангоми дар рухсатии меҳнатӣ будан ў дуздӣ содир кард ва дигар касе аз ҷумла, Ҷамол Алиакбарович ҳам ба ў дасти ёри дароз карда натавонист.
– Чӣ хеле ки дар урфият мегўянд «сўзандузд оқибат шутурдузд шудааст»?
– Ҳамааш айнан ҳамин хел шудааст, – рафиқ майор. Агар дар экспидисия Кабудов ҷазояшро мегирифт, эҳтимол ба хулосае меомад ва ба ҷиноят даст намезад. То ба экспидисия рафтан ў ду сол дар факултети муолиҷавии донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсили илм намудааст. Баъди аз дорулахлоқ баромадан ў муддати дароз дар ягон ҷо кор накард ва ниҳоят барои борҳо вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо ташаббуси кормандони милисия ноҳияи Маркази ба зери назорати маъмурӣ гирифта шудааст. Худи ҳамон шабе, ки субҳи фардояш ҷасади ўро аз соҳили дарё ёфтанд, то соати 22:00 дақиқа ў дар ҷойи истиқоматаш будааст ва дар ин бора нозири минтақавӣ лейтенанти милиса Мираков Раҷабалӣ бо ў суҳбат гузаронидааст…
– Маълум мешавад, ки бо назорати маъмурӣ ҳам ўро аз шабгардӣ боз дошта натавонистаанд.
– Маро ҳам ҳамин фикр ором намегузорад, рафиқ майор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё