Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Вазъияти ҳозираи мо заминеро ба ёд меорад, ки дар он ҳар лаҳза таркиши вулкон рух доданаш мумкин аст.
– Чӣ, ягон кас ҷиноятеро ба души худ гирифт?
– Як нафар омада буд.
–– Ихтиёран ба гуноҳаш иқрор шуд?
– Не, ихтиёран дар лаҳзаи охир аз содир кардани ҷиноят даст кашидааст.
– Чӣ ўро ба гузоштани чунин қадами муборак маҷбур сохта бошад?
– Шояд виҷдонаш.
– Ба гумон аст.
– Ба фикри шумо чӣ ўро ба чунин қадаммонӣ маҷбур сохтааст.
– Боре дар доруахлоқ будааст ва чӣ будани ҷазоро нағз медонад.
– Фикратон дурусту лекин…Он шахс худаш ихтиёран ба милиса наомад, балки мо ўро ба инҷо даъват намудем ва инчунин кушиши зиёде ба харҷ додем то аз самараи суҳбат и ў баҳравар шавем.
– Ана, гап дар куҷо будааст, боз мегўед, ки ихтиёран…
– Давронов, Кабудов, Эшонова, Шовалиев ҳама вулконенд, ки ҳар замон метавонанд ба мардум бадбахтӣ биёранд.
Онҳо барои фоидаи худ ба ҳама гуна пастӣ мераванд. Шоирашон «Гўр сўзаду деги қаландар ҷўшад».
– Ба ҳар ҳол чоҳканро чоҳ дар пеш аст.
– Албатта, ҳар он чи ки дар дег ҳаст дар кафлес мебарояд.
– Мефаҳмам.
– Бисёр хуб, ки маро фаҳмидед. Пеш аз он, ки мо Давроновро ҷеғ занем сараввал ба ин ҷо Бурҳонова Тағойгул Шодиевна истиқоматкунандаи кўчаи Бухоро… ро ёфта биёред.
Сараввал дар бораи ў баъзе маълумотҳоро гирд овардан лозим.
– Хуб шудааст, рухсат диҳед аз паи иҷрои супоришатон шавам.
– Барори кор. Пасфардо соати даҳ шуморо интизор мешавам…

пешина
аз 416
навбатӣ