Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ гап не, агар зид набошед, суҳбатамонро давом диҳед.
– Майлатон.
– Тафтишот далелҳое дар даст дорад, ки шумо қасди ҷони Замира Аскаровна намудаед?
– Дуруғ.
– Дар вақти эълон кардани айб ҳамчунин дар вақти таъин намудани ҷазо ихтиёран ба гуноҳи худ иқрор шудан ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба инобат гирифта мешавад.
– Барои тавба кардан асосеро намебинам.
– Чи илоҷ. Он чӣ ки ба фодаи шумо буд, ман гуфтам. Вале ба хулосае омадам, ки шумо инро фаҳмидан нахостед. Акнун гўед, ки ба кадом мақсад шаҳрванд Шовалиевро барои ба қатл расондани Зубайдова Замира Аскаровна ҳидоят кардед.
– Ман?
– Ҳа, Шумо?
– Инро аввал исбот кардан лозим.
– Лозим бошад исбот мекунем.
– Худатон медонед, ки Каромат қонунан аз ҳамсараш ҷудо шуда ва ба ман хонадор мешуд, пас чаро ман қасди ҷони ҳамсари ў мекардаам?
– Ана, ҳамин чизро ман аз шумо пурсиданӣ будам.
–Барои ба чунин кор даст задан ман асосеро намебинам ва агар тафтишот дар ин бора хабаре дошта бошад, хоҳиш мекардам ба ман ёрӣ диҳед.
– Шаҳрванд Шовалиев дар нишондодаш овардааст, ки…
– Чӣ Шумо ўро ҳам ҷеғ задед?
– Бале.
– Охир, ман аз Шумо илтимос карда будам, ки ўро ҷеғ назанед.
– Чӣ ман дар ин бора ваъда дода будам?
– Не.
– Пас чӣ ҷойи гилла. Ҳасан дар нишондодаш овардааст, ки:
«дар аввали даҳаи сеюми моҳи феврал Эшонова телефон карда, маро ба вохўрӣ даъват кард. Мо шабро якҷоя гузаронидем. Аз баски ў бо Зубайдов не, балки ба бойгарияш дил бохтааст, барои аз байн бардоштани ҳамсараш, ки ду–се рўз пас азми сафари Тошканд дошт, аз ман хоҳиш кард.
– Ну и козёл!

пешина
аз 416
навбатӣ