АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Давомашро хонам?
– Лозим нест.
– Набошад шуморо лозим аст ки ҳақиқати ҳолро гуфта диҳед.
– Чӣ маро суд мекунанд?
– Намедонам.
– Ё масхара мекунед?
– Не, вале тақдири ояндаатонро рафти тафтишот ҳал мекунад.
– Дар ҳақиқат чунин хоҳиш аз забони ман садо дода буд, вале хушбахтона шунаванда (Шовалиев дар назар аст) баҳри иҷрои он кушише ба харҷ надодааст. Бовар кунед ман дар ин бора дигар ба касе рози дил накардаам. Маҳз барои ҳамин кор шуда Шовалиев маро зада буд. Албатта рўзе мерасаду аз доғ нишонае намемонад, вале он сухани ноҷойи ман дар ҳуҷҷатҳои Шумо ва чун тире дар қалби Каромат боқӣ мемонад. Ба ҳар ҳол ман аз он хурсандам, ки Ҳасан хоҳиши маро иҷро накардааст…Рости гап ман намедонам, кӣ қасди ҷони Замира Аскаровна намудааст. Ба ин ҷиноят даст задаро сабаб дигар аст.
– Боз мегўед, ки барои тавба кардан асосеро намебинам?
– Ба фикрам тавбаи мо бандаҳои осӣ ба манфиати Шумо низ ҳаст. Нафаҳмидам аз ин тавба чи ҳаловат бурдед, ҳол он ки сараввал ман бароятон лаззати бештареро ваъда кардам…
– Ин гапҳоро монед. Тавба кардан дар ҳама ҳолат хуб аст.
Парвардигор тавбаи бандаи хешро иншоллоҳ мепазирад.
– Иншоллоҳ, худои мутаол лакбахш аст ва мо ҳама ба бахшиши ў ниёз дорем.
– Ана, дидед худро сабук ҳис кардед.
– Гапатон ҳақ. Ба хаёлам бори вазнинеро аз души хеш партофтам.
– Марҳамат нишондодатонро хонда имзо гузоред.
Зулхумор варақҳоро аз дасти Акбаршоҳ гирифта, ба он ҳатто нимнигоҳе накарда, ба ҷойиҳои нишондодашуда имзо гузошт.
– Чаро нахонда имзо гузоштед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё