Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз баски Кабудов аъзои олами ҷиноӣ буд, маҳз ҳамин олам барои он баробар кардани ҳисобҳои худ метавонист ўро ба «дорулбақо» роҳат диҳад. Вале тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рўйи куштори Зубайдова намояндагони олами ҷиноиро ҳимоя мекард. Ин пеш аз ҳама баёноти Халилова ва охирин нишондоди Зубайдов дар бораи он ангуштарине, ки нигинаш аз алмос буд, мерафт. Маҳз Зубайдова барои ташхиси алмос аз рўйи назарияҳои тафтишотӣ бояд ба Давронов муроҷиат карда бошад. Ҳуҷҷатҳои дигари тафтишотӣ гувоҳи он буданд, ки замоне Кабудов ва Давронов дар экспидисияи геологӣ як ҷо кору фаъолият намуда ба қавле шиносҳои дерина буданд.
Тафтишот назарияеро мавриди таваҷҷуҳи хеш қарор дода буд, ки аз рўйи он мебоист ҳамин ангуштарини алмосдор Давронов ва Кабудовро ба ҳам наздик карда бошад. Албатта, ин ҳама ҳоло танҳо назаряи тафтишотӣ буду халос. Вале як чиз тафтишотро ором намегузошт, ин ҳам бошад аз ангушти Зубайдова гум шудани ангуштарини алмос.
Зарба ба дил…Зарбаи бехатто…
– Ба хотири чӣ?
Дар акти кушодани ҷасади мақтул Кабудов ташхиси тиббӣ дар таркиби хуни ў миқдори зиёди нушокиҳои спиртиро муайян намуда буд. Аз хулосаи ташхис бармеомад, ки марг ҳаждаҳ соат пеш байни соатҳои як ва сеи шаб ба вуқуъ омадааст.
Дар справкае, ки нозири минтақавии ноҳияи Маркази лейтенанти милиса Мираков ба тафтишот пешниҳод намудааст, ки худи ҳамон шаб соати 22:00 бо Кабудов ки дар зери назорати маъмурист суҳбати профилактикӣ гузаронида буд.
Худи Кабудов ҳамроҳи ду нафар дружиначиён ба справка имзо гузоштааст. Аз рўйи нишондоди Мираков ва дружиначиён бармеояд, ки Кабудов дар лаҳзаи вохўрӣ бо кормандони милиса худро нағз ҳис мекардааст ва ҳатто шўхӣ ҳам намуда гуфтааст, ки ба шарофати шумо «мо хонабанд шудем».
Ба кадом мақсад дар нисфи шаб ў аз ноҳияи Маркази ба қарибиҳои кули Комсомол омадааст, алҳол номаълум. Ҷасади ў дар ҳамин радиюс дар соҳили дарёи Душанбе ёфт шуда буд…

пешина
аз 416
навбатӣ