АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Наход сабабгори ин марг ҳам ҳамон ангуштарини алмосдор бошад?
– Чаро не!
Муфаттиш қайдҳои шогирди Абдумаҷидов – Сафар Исломро ба даст гирифт:
Мувофиқи ахбори донишманди юнонӣ Афиней, дар хонаи хоби шоҳаншоҳи сулолаи Ҳахоманишҳо (асрҳои 6–4 то милод) яъне аввалин давлати бузурги мардуми ориёиасл, дарахтчаҳои чинори аз зари холис сохта гузошта шуда буданд. Дар болои ҷойгоҳи хоби ў бошад, як шохаи калони токи заррин овезон буд, ки хушаҳои зебои ангури он бо донаҳои сайқалдодаи санги алмос оро ёфта буданд. Ҳангоми фурўзон кардани шамъҳо нур дар шохаҳои заррини онҳо акс ёфта, мунаввар мегашт ва чунон шукўҳеро ба вуҷуд меовард, ки дар тасвири он қалам оҷиз аст.
Агар дар ҳар хушаи ангур ақаллан 15–20 донагӣ алмос бошад, пас дар панҷ–шаштои он қариб аз сад дона алмос насб гардида будааст. Дар хазинаҳои онҳо боз чи қадар алмос вуҷуд дошт, чун марги Зубайдова ва Кабудов то ҳанўз муаммо аст.
Табаров коғазҳоро ба ғаладони мизи кориаш гузошта берун баромад. Рўз бегоҳ шуда буд.
Ў ба мақсади дидани Акбаршоҳ сари қадам ба милиса даромад, вале ўро наёфта роҳи хонаашро пеш гирифт…
… 33 …
– Ба ёрии ман муҳтоҷ будаанд а…
– Хобатонро ба об гўед.
–Хайрият ҳамон шаб ному насаби стюардесаро пурсидам, чи хел номи зебо, Гулнора…Чаро чунин духтарҳои зебо дар замин кор накарда, ҷони худро ҳамеша дар хатар мегузоранд.
Ҷамол баъди аз бинои милиса баромадан дар бораи ангуштарин ва обу лой кардани он хело фикр кард ва ба хулосае омад, ки барои ташвиш асосе нест. Дар бораи Ўроз бошад дар милиса ҳатто гапу хабар набуд. Охир ин майзадаи лаънатӣ ба кӣ ҳам даркор. Милиса ҳам аз чунин фардҳо ба ҷон омадааст. Акнун хас каму ҷаҳон пок. Аҷиб он ки ў дар ҷойи қатли Замирабону ягон нишонае монда бошад? Ба ў ҳатто пули пойафзолашро ҳам додам, то он адидасҳои нимдошти худро партояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё