АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Фамилия?
– Бурҳонова.
– Ному насабатон?
– Тағойгул Шодиевна.
– Ҳозир гуфтед, ки коғазбозиро хуш надоред ва ҳатто моро барои коғазбозӣ муттаҳам кардан хостед. Ҳол он, ки мо дар ин ҷода ба шогирдии шумо намеарзем.
– Чиро дар назар доред?
– Забонхати Замира Аскаровнаро.
– Ба фикратон ман ҳақи ҳалоли худро ҳуқуқи талаб кардан надорам?
– Доред.
– Пас чаро шубҳа мекунед?
– Ман ҳайронам шахсе, ки дар ягон ҷо кор намекунад ва ягон манбаи даромаде надорад аз куҷо ҳазор доллар ёфтааст?
– Рафту ман хазина ёфта бошам.
– Ба гумон аст?
– Агар мерос гирифта бошам чӣ?
– Ҳазор доллар?
– Чаро не.
– Тааҷҷуб, он Ҳотами Той кист?
– Секрет фирмы.
– Дар ин масъала шумо хатто мекунед. Беҳтараш, ки ҳақиқати ҳолро ба тафтишот гуфта диҳед.
– Агар нисбат ба хатти Замира Аскаровна шубҳае дошта бошед, метавонед нусхае, ки дар дасти шавҳари ўст ба экспертиза фиристед. Ё гумон доред, ки ўро ба навиштани забонхат маҷбур намудаам?
– Дар забонхат хаттое нест.
– Пас ташвиш аз баҳри чист?
– Тафтишот далелҳое дорад, ки шумо ба Замира Аскаровна ягон доллар надодед.
– Агар ман доллар надода бошам, худораҳматӣ барои ман забонхат навишта медиҳад, ки ҳазор доллар аз ман гирифтааст?
Оё Шумо гапатонро фикр мекунед?
– Гумон мекунед дар милиса шахсони содда кор мекунанд ва ба иштибоҳ андохтани онҳо осон аст.
– Ман ҳеҷ гумон накардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё