Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Пас чизи набударо чӣ хел қарз додед?
– Рафту ман миёнрав бошам.
– Агар миёнрав мебудед, забонхат намегирифтед.
– Чӣ бе забонхат пулҳоро медодам.
– Не, вале ҳеҷ кас ба миёнрав забонхат намедиҳад. Дар чунин ҳолат соҳиби пул ва ё ашё бояд забонхат мегирифт. Ба зами ин соҳиби пул мефаҳмид, дар ҳолате, ки Зубайдова пулро баргардонида натавонад, қарзро шумо бояд ҷуброн менамудед.
– Ман миёнрав будам на кафил.
– Шумо на инаш будеду на онаш.
– Агар ки ба ман боварӣ надоштед чаро ҷеғ задед?
– Даъвати шумо ин хоҳиши ман не, балки амри қонун аст ва пурсиши шумо, новобаста аз натиҷааш барои тафтишот ҳатмист.
– Агар новобаста аз натиҷааш бошад маро чӣ лозим ин қадар гаранг намудан?
–Ин маънои тафтишотро ба иштибоҳ андохтан надорад.
Танҳо сухани рост дар кадом шакле набошад ба манфиати кор ва ҳам ба манфиати худи шумост, чи хеле ки шоир фармуда:

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

– Мебинам, ки бо шумо баҳс фоида надорад.
–Баҳси бефоидаро нафъ нест ва инро худатон ҳам бояд фаҳмида бошед.
– Ба фикрам девор бе хас ва одам бе кас нест. Ҳарчанд дасти шахшули зиндагӣ сари маро сила накард, вале аз волидайнам (ёдашон ба хайр) ангуштарине ба мерос монда буд.
Ман, чи тавр ва аз куҷо пайдо шудани он ангуштаринро намедонам, вале худораҳматии модарам пеш аз маргашон гуфтанд, ки дар байни ҷиҳози арўсии ман ангуштарине ҳаст, ки дар лаҳзаи душвор моро муддати мадиде хўрондаву пўшонда метавонад. Ин охирин суханони модарам буданд. Ман боре ҳам он ангуштаринро дар дасти модарам надида будам. Чи хеле гуфтам таърихи пайдоиши онро ҳам намедонам.
Чанд рўз пас аз ҷаноза суханони модарамро ба ёд оварда, ҷомадони ўро, ки дар он ба умеди арўсии ман баъзе майда чўйдаҳо ҷамъ карда буд, тагу рў намудам ва он ангуштаринро ёфтам.

пешина
аз 416
навбатӣ