Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, чаро агар шумо дар бораи Бурҳонова маълумоти аниқ намеовардед, магар ў дар бораи ангуштарин қоил мешуд?
– Бале.
– Ба гумон аст, мо далелҳои раднашаванда доштем, ки шоҳид чунин миқдори пули дар забонхат нишондодашударо надоштааст ва ў дар интиҳо ба муқобили он далелҳо истодагари карда натавониста ҳақиқати ҳолро гуфт ва дар ин ҷо хизмати шуморо сарфи назар кардан аз рўйи инсоф нест…
Барои имрўз ҳаминаш басанда аст, акнун ба хона рафта то пагоҳ истироҳат намоед.
– Бегоҳ шудааст, шумо намеравед?– пурсид Сафар.
– Не, баъзе корҳо дорам.
– Хуш монед,– гўён Сафар аз утоқи корӣ берун шуд.
Акбаршоҳ плани корҳои таъҷилӣ – ҷустуҷўиро аз рўйи ҳолатҳои нав ошкор шуда тартиб дода, тасдиқи онро ба фардо монда аз идора баромад. Шом фаро расида буд. Чун вориди хона шуд Далер хабар дод, ки меҳмон омадааст.
Ў вориди меҳмонхона шуда Насиба ва модараш Саодатро дид. Чанд сол пеш онҳо ҳамсоя буданд. Ў Саодат– бону ва Насибаро хайра мақдам гуфта, аз аҳволи кампири Маҳин, би– бии Насиба пурсон шуд.
– Шукр аҳволаш нағз,– гуфт Саодат.
– Аслан ў аз Наталя Василевна розист, вале аз Шумо не.
– Чаро?
– Чунки чанд вақт боз кампирро хабар намегиред.
– Далеру очаашро доим таъқид мекунам, ки рафта кампирро хабар гиранд, чӣ магар онҳо нарафтанд?
– Барои ҳамин ҳам аз онҳо розист, Шуморо доимо ёд мекунанд, ақалан як сари қадам рафта кампиро хабар гирифтан зарар надорад.
– Дидед, Насиба аллакай арўс шудааст, – гуфт Наташа.
– Гўё ҳамаш дирўз буд, вақте ки мо ўро ба мактаб бурдем.
– Солҳо чӣ хел тез мегузаранд, мо бехабар аз он ки умри мо дар гузар аст.
– Хуш, Насибаҷон чӣ хел? Хонданат чӣ?
– Ҳамааш нағз, амакҷон.
Онҳо боз каме нишаста, рухсати рафтан пурсиданд.
Соҳибхонаҳо меҳмононро то истгоҳ гусел карданд.

пешина
аз 416
навбатӣ