АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Афсўс, ки Саодат аз ҳамсоягии мо рафт, ман ўро баробари хоҳарам дўст медоштам, – гуфт Наташа ҳангоми бозгашт.
– Дур бошу дўст бош.
– Хайрият барвақтар омадию Насибаро дидед. Аслан бо модараш як себи дукафон.
– Дар асл Насиба ба Далер ҳақи апагӣ дорад.
– Мефаҳмам.
– Агар фаҳмида бошед, пас барои Далер унвони дигаре лозим аст.
– Ба кўдак унвон чӣ лозим?
– Набошад, номи фахрӣ.
– Унвон, номи фахрӣ ҳамаи ин ба кўдак чӣ лозим? Исто ки унвон ин ҳамчун номзад ва ё доктори фанҳо номи фахрӣ гуфта чиро дар назар доред?
– Доцент, професор, академик.
– Барои кўдак чӣ?
– Номи аз ҳама балантарин ин ака…
– Чӣ магар қонунҳои ҳукуматро дар бораи танзими оила нахондаед?
– Мо ҳатто дараҷаи минималии оиларо то имрўз ташкил накардаем.
– Аз куҷо ин фикру хаёл имрўз ба саратон омад?
– Ман имрўз занеро пурсидам, ки падару модараш ба ғайр аз як ангуштарин ба ў дигар чизе боқӣ нагузоштаанд?
– Инро аввал аз худи Далер пурсидан лозим, ки оё ў ба гирифтани чунин номи фахрӣ розигии худро медиҳад?
– Марҳамат пурсед.
– Далер, ҳо Далер!
Далер, ки аз падару модараш каме пештар дар кўча қадам мезад, суханони модарро шунида истод.
– Чӣ мегўед очаҷон?
– Оё ту мехоҳӣ, ки додар ва ё хоҳаре дошта бошӣ?
– Чун додари Насиба?
– Бале.
– Очаҷон онро аз куҷо ёфтан мумкин?
– Аз мағоза, – хандида гуфт модар.
Далер давида худро ба оғўши модар партофта гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё