Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Очаҷон ҳарчи тезтар барои ман як додарак харида диҳед.
– Хуб шудааст, вале барои харидани додарак дар навбат шиштан лозим.
– Майлӣ, дар навбат бошад, дар навбат, вале барои ман ҳатман додарак харида диҳед.
– Ана, дидед то ҳанўз касе аз гирифтани номи фахрӣ даст накашидааст. Шумо бошед…
– Ба фикрам шумою Далер ҳардуятон забон як кардаед?
– Не, нигоҳи мо ба оянда як хел аст.
– Ин хел бошад маро ҳам ба командаи худ ҳамчун аъзо қабул кунед.
Падару модар аз дастони Далер дошта, бо як ҷаҳон шодию сурур ба тарафи хона қадам мезаданд…

… 35 …

Подполковник Додарбеков плани корҳои таъҷилию ҷустуҷўйиро бодиққат хонда баромада, айнакашро аз чашм гирифта, ба тарафи мусоҳибаш нигариста гуфт.
– Хуш рафиқ майор, ба фикрам лаҳзаи ба ин кор нуқта гузоштан фаро расидааст.
Акбаршоҳ сар ҷунбонида ин байтро хонд:

Рўзии ҳаррўзаи Яздон гирифтан муфт нест.
Гарчӣ рўзӣ медиҳад, рўзе зи умрат мебарад.

– Гапатон дуруст Акбаршоҳ, албатта барои кушодани ҳар як парвандаи ҷиноятӣ чӣ қадар вақту меҳнат сарф кардан лозим меояд.
– Планро тасдиқ накардед рафиқ подполковник?
– Агар барои исботи гуноҳи Давронов ҳамаи далелҳои шайъӣ мавҷуд бошанд, бо даъватнома ҷеғ задани ўро ман намепазирам.
– Пас чӣ бояд кард?
– Ба гурўҳи назорати берунӣ амр намоед, ки Давроновро аз кўча дастгир намуда, ба милиса биёранд.
– Шуморо фаҳмидам…

пешина
аз 416
навбатӣ