АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Не, бори аввал мешунавам.
– Ин коратон нағз не, наход дўстро чунин тез фаромўш намоед?
– Шумо чиҳо гуфта истодаед? Чӣ хел дўст? Ё марги инашро ҳам ба гардани ман бастаниед?
– Ба фикрам ҳамин хел мешавад ва дар инҷо шумо ягон алибе ҳам надоред.
– Чӣ гуфтед?
– Он чӣ шунидед.
– Гуноҳи маро аввал исбот карданатон лозим.
– Ин он қадар кори душвор нест.
– Мебинем.
– Чиро?
– Дар урфият мегўянд, ки ҷўйро напарида, оҳ кашидан маъние надорад ва агар шумо дар бораи гунаҳкории ман далеле дошта бошед, онро пеш оваред, вагарна бо ин суханони ҳавоӣ маро тарсонидан мушкил.
– Он чӣ ки айён аст, ҳоҷат ба баён нест.
– Чӣ айён аст?
– Тарсидани шумо.
– Не, ман натарсидаам…
– Пас чаро дастонатон меларзанд?
– Ин аз рўйи ҳаяҷон аст, – гўён ў дастонашро аз болои миз ба зери он бурд.
– Шояд Ўроз Кабудовро ба ёд овардед?
– Ман суханамро гуфтам.
– Набошад, гўш кунед: Ўроз Кабудов аз соли 1984 то соли 1988 дар экспедитсияи геологияи ҷанубӣ ба ҳайси фелшер кор кардааст. Маҳз дар ҳамин давра шумо вазифаи саргеологи экспедитсияи мазкурро ба ўҳда доштед ва яке аз пушту паноҳи Ўроз Кабудов будед.
– Бале, гўр пирӣ шавад, акнун ба ёд овардам, охир аз байн чӣ қадар солҳо гузашт. Ўроз дар ҳақиқат дар экспедитсияи мо вазифаи духтуриро ба ўҳда дошт. Дар ғаму шодии ҳайати экспедитсия ҳамеша шарик буд. Солаш дар ёдам нест, вале ў ба рухсатии меҳнатӣ рафту дигар барнагашт. Баъдҳо овоза шуд, ки ўро ҳабс карданд. Дигар ман ўро надидам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё