АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Набошад, гўед, ки чи тавр рақами телефони шумо дар дасти ў афтодааст?
– Ман аз куҷо донам, шояд маро ёд кардаву аз ягон шинос гирифта бошад.
– Ва ў ба шумо ягон бор гуфтугўи телефонӣ ҳам надошт?
– Не.
Акбаршоҳ ба тарафи Сафар нимнигоҳе кард. Сафар Ислом аз ҷой бархоста магнитофони маркаи «Электроника»–ро ба ҷараёни барқ пайваст намуда, лентаи онро аз дасти Абдумаҷидов гирифта, омодаи фармоиши минбаъда шуд.
Ҷамол ҳайрон – ҳайрон гоҳ ба Сафар ва гоҳ Акбаршоҳ менигарист. Аз нигоҳи маҳзунаш маълум буд, ки дилашро гургон тала доранд.
– Шояд гуфтугўятонро бо Ўроз Кабудов гўш кунед?
«Маълум мешавад, ки инҳо гуфтугўйи моро ҳам ба лентаи овоз сабт намуданд,–аз дил гузаронд Давронов. –Акнун маро танҳо як роҳ дар пеш аст он ҳам ба гуноҳи худ иқрор шудан»…
– Сафарҷон гуфтугўйи телефонии Кабудовро бо Ҷамол– ака пахш кунед, шояд ягон чиз ба ёдашон биёяд.
– Лозим нест, ман худам,… забон хоида гуфт Ҷамол
– Набошад андаке сабр кунед, ҳозир мо нишондоди шуморо дар лентаи дигаре сабт мекунем, – гўён Абдумаҷидов лентаи дигареро ба дасти Сафар дода, лентаи аввалро гирифта ба сейф монд…
– Рафиқ майор, ҳамааш тайёр.
– Микрафонро ба пеши Ҷамол – ака монед.
– Хуб шудааст.
– Сар кардем…
…Рўзи 24– феврал Замира баъди нисфирўзӣ ба назди ман омад. Ў ба ман ангуштаринеро дода хоҳиш кард, ки онро ташхис намуда, фикру ақидаи хешро дар бораи он иброз намоям. Рости гап ман бо як нигоҳ фаҳмидам, ки нигини ангуштарин «нойи кимберлитист». Ногаҳон фикре ба сарам заду ангуштаринро баргардонда гуфтам, ки соатҳои 18 ба хона биёяд, то ман ба воситаи асбобҳои махсус онро бинам. Ў розӣ шуд. Аз фурсат истифода бурда, ман ба назди Ўроз рафтам ва воқеаи корро ба ў фаҳмонда гуфтам, ки агар соҳиби ангуштаринро аз байн бардорад мо соҳиби ҳазор доллари муфт хоҳем шуд, ки аз ин миқдор нисфи он ҳақи ҳалоли ў аст ва барои дилашро пур намудан ба ў дусад доллар аванс додам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё