Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки вай ҳамин шеърро зам–зама мекард, фикре ба сарам заду пойҳои ўро яку якбора бардоштам ва ў сарозер ба дарё рафт…
– Гўед, ки ангуштарин дар куҷост?
– Онро фурўхтам.
– Дар куҷо, бо кадом нарх?
– Ба як марди ношинос ба ивази ҳазор доллар.
– Ин суханатон ба ҳақиқат наздик нест.
– Чӣ хел?
– Агар онро шахси дигаре бо чунин нарх мефурўхт, бовар кардан мумкин буд, вале шумо…
– Чӣ ман?
– Шумо Ўроз нестед, ки кўр–кўрона амал кунед. Аз лаҳзаи аввали дидани ангуштарин фаҳмидед, ки қимати он на камтар аз даҳ ҳазор доллар аст ва ба Кабудов панҷсад доллар ваъда дода, ўро ба қатли Замира фиристодед. Вақте ки ангуштаринро гирифтед, аз додани сесад доллар саркашӣ кардед, чунки ҳамин миқдори пулро надоштед.
Шумо барои фурўхтани ангуштарин ҳатто қадаме нагузоштаед ва вақту соатеро интизор будед, ки онро ба маблағи ҳарчи калонтар фурўшед вале… – Аз куҷо медонед, ки ман барои фурўхтани ангуштарин қадаме нагузоштаам?
– Бояд иқрор шавам, ки ҳар қадаматон дар зери назорат буд ва хизмати назорати берунӣ ҳаррўза ба куҷо рафтану бо кӣ вохўрданатро ба қайд мегирифт…
– Назоратро бо санксияи прокурор мебурдед?
– Не.
– Магар бе санксия назорат бурдан мумкин аст?
– Албатта.
– Модоме, ки назорат бурдаед, бояд донед, ки ангуштарин дар куҷост?
– Не, инро мо намедонем ва агар худатон ихтиёран онро супоред, ин беҳтар аз он аст, ки мо дар хонаатон кофтуков ташкил кунем.
– Пас ин чӣ гуна назорат будааст?
– Мо аз қафои шумо назорат мебурдем, на аз қафои ангуштарин.

пешина
аз 416
навбатӣ