Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў боқимондаи шишаи конякеро, ки бо худ бурда буд, ба гулў рехт ва шишаро ба поён сар дода барояш парвози хуш орзу кард ва лаҳзае пас худаш ҳам аз қафои шишаи сардодааш ба поён рафт. Як бор дод гуфтани ўро шунидаму халос. Лаб– лаби дарё давидам, аммо нишоне аз ў надидам.
– Чӣ Кабудов худаш афтид?
– Ҳа, худаш, ин ҳолатро дида ман ҳатто даступо хўрдам.
– Ҳеҷ боварам намеояд.
– Чаро?
– Худатон қазоват кунед, чӣ хел шахсе, ки барои панҷсад доллар хуни ноҳақ рехтааст, метавонад пулро нагирифта, бо дунёи ҳастӣ падруд гўяд?
– Охир, ман гуфтам–ку, ў аз қафои он шишаи сардодааш нохост афтид.
– Ҷамол–ака худатон аз ман беҳтар медонед, ки лойи хушкшуда ба девор намечаспад, барои ҳамин бори дигар шуморо огоҳ мекунам, ки танҳо сухани рост гуноҳатонро каме ҳам бошад, сабук карда метавонад.
– Дар чунин синну сол ба гумон аст, ки бори дигар ман дар озодӣ нафас гирам ва чӣ хеле, ки бузургон гуфтаанд, барои шахси ғарқшуда баландии об фарқи дигар надорад, хоҳ як ваҷаб аз сараш боло бошад ва хоҳ як метр…
– Ҳар хеле набошад, тавба хуб аст, агар он аз сидқи дил бошад.
– Ҳақ ба ҷониби шумост ва давоми ин ҳодисаро гўш кунед.
Дар аввал ў гуфт, ки биё ҳамроҳ нўшем, вале ман рад кардам ва ба ў гуфтам агар хоҳед, нўши ҷон шавад. Ў он шишаро то болои купрук нўшид ва шишаи холиро ба девори эҳтиётӣ такя карда сар дод ва худ саргарми тамошо аниқтараш садои шикастани шиша буд. Аз баски садои шикастани шишаро нашунид, шеъреро бо овози баланд зам–зама кард:

Шаби торику сангистону ман маст,
Қадаҳ аз дасти ман афтоду нашкаст.
Нигоҳдорандааш неку нигаҳ дошт.
Вагарна сад қадаҳ н–афтода бишкаст…

пешина
аз 416
навбатӣ