Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Истеҳсолоти моддӣ низ дар асоси системаи коркардашудаи меъёрҳо, арзишҳо ва донишу қоидаҳои роҳбарӣ ба роҳ монда мешаванд, ки асосашро боз ҳамон қонуниятҳои баланди маънавӣ ташкил медиҳанд.
Бинобар ин, ҷомеа ҳамчун системаи олӣ аз якчанд зерсистемаи бо ҳам алоқаманду мустақиди иқтисодию хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва сиёсӣ иборат мебошад. Ҳар яке аз ин системаҳои мустақил бо худ сифат ва сохтору механизми хос, функция ва институтҳои махсуси худро доранд. Махсусан, системаи маънавии такрористеҳсоли меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ахбори коммункатсионӣ ва дигар унсурҳои зерсистемавӣ, албатта, ба истеҳсолот ва технологияи истеҳсолӣ вобастагии калон доранд.
Ташаккули системаи ҷамъиятии иқтисодӣ, давлатдорию маорифпарварӣ ва илмию сиёсӣ функцияҳои гуногуни маънавиро дар ҷомеа иҷро менамоянд. Барои иҷрои ин функцияи мураккабу зарурии ҷамъиятӣ системаи давлатдорӣ шарти зарурӣ мебошад, ки мо онро дар мавзӯи оянда бо пуррагӣ дида мебароем. Ҳамин тариқ, маданият дар тамоми зинаҳои истеҳсолию технологӣ иштирок намуда, ҳамчун системаи мустақиди истеҳсолии маънавӣ ба менеҷмент ва ташаккули он хизмат мерасонад.
Ҷараёни истеҳсолот нисбат ба дигар шакли фаъолияти инсонӣ бо мақсаднокӣ ва барпосозии системаи гуногуни ба ҳаёт мувофиқсозии худ фарқ менамояд. Дар баробари таъмини талаботи мардум бо маҳсулоти аниқи истеҳсолӣ, инчунин, талаботи маънавии одамонро таъмин месозад. Бинобар ин, бо назардошти тарафи моддии инкишофи истеҳсолӣ, боз тарафи маънавии истеҳсолот низ дар ташаккули менеҷмент мақоми калон дошта, маҳзе маданиятеро пайдо менамояд, ки бе он умуман, муносибатҳои истеҳсолӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин хотир, маданият мазмуни маънавии истеҳсолотро ташкил мекунад, яъне олами маънавии одаму ҷамъият маҳзе дар ҳамин нуқта барпо гашта, инкишоф меёбанд. Ақидаҳо, донишҳо, эҷодҳо, ихтироот ва хоҳишу орзуҳо дар истеҳсолот амали худро ёфта, ба ҷомеа манфиат меоранд. Маҳсули истеҳсолӣ шакли моддии моликияти зеҳнӣ мебошад, ки асосашро фикрронӣ ва дарки баланди масоил ташкил медиҳанд. Аммо аломатҳо ва арзишҳои маънавии маҳсулот дар ҷараёни истеҳсолӣ аксар маврид дар зери хатар буда, метавонанд, ки мазмуни худро дигар кунанд ва ё пурра иҷро нагарданд. Аз ин рӯ, барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё