Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
нишонаҳои маънавиро доимо нигоҳ доштани истеҳсолот, аз менеҷмент боз кордонию дониши баландро талаб менамояд.
Дар ҷараёни тақсимоти ҷамъиятии меҳнат шакли махсуси истеҳсолоти маънавӣ пайдо мегардад, ки дар натиҷаи он меҳнати зарурии ҷамъиятӣ инкишоф ёфта, нигоҳ дошта мешавад ва ташаккул меёбад. Барои ин, албатта, дар ҷараёни истеҳсолот мутахассисони дорои донишҳои баланди касбию ҳунармандону устодони кор бояд иштирок намуда, нозукиҳои касбии истеҳсолиро нигоҳ дошта, арзишҳои навини ҷавобгӯро вобаста аз талаботҳои технологии навин ворид карда тавонанд. Аз ин нуқтаи назар, истеҳсолоти маънавиро истеҳсолоти касбӣ гуфтан мумкин аст.
Инкишофи истеҳсолоти маънавиро бошад, дар асоси ривоҷу равнақ додани илму маориф ва макотиби олии касбӣ, институтҳои тадқиқотӣ метавон таъмин намуд. Усули паҳн намудани дастовардҳои истеҳсолоти маънавӣ бо воситаи ахбори умум, маҷаллаву китобҳо, сурату нақшҳо, осорхонаҳо ва намоишгоҳҳо ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчун маҳсулоти моддӣ маводи ин васоит низ бояд дар байни ҷомеа ҳазм карда шуда, боз мавриди истифода дар шакли нав қарор гиранд. Ин мавод аз маводи моддӣ ба он фарқ менамояд, ки вай тамомшаванда набуда, ин арзишҳо метавонанд ҳазорҳо насл истифода бубаранд.
Талаботи маънавӣ бо талаботи хоҷагидорӣ ҳамроҳ шуда, талаботҳои рафтори роҳбариро дар менеҷмент ташкил медиҳанд, ки натиҷаашро муносибати гурӯҳи муайяни аҳолии ба моли ташкилот талабот дошта баҳогузорӣ менамоянд, чунки омилҳои маданӣ ба таркиби муносибатҳои меҳнатӣ дохил шуда, муносибатҳои тақсимоти фоида ва сарватро ифода менамоянд. Бинобар ин, дараҷаи некӯаҳволии кормандон пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки дар ин муносибатҳо чӣ тавр муносибатҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии онҳо ба роҳ монда шудааст. Аз тарафи дигар, ин зинаи инкишофи технологӣ буда, то чӣ андоза аз навовариҳои техникию технологӣ истифода бурданро нишон медиҳад. Мувофиқи ақидаҳои баъзе олимон, техника ва технология, воситаи махсуси сабукгардонии кори одамон ва баландбардории ҳосилнокии меҳнат мебошад. Ақидаи гурӯҳи дуюм он аст, ки техника, ҳамчун маҳсули ақидаҳо ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё