Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вайронкунандагони маданияти кори ташкилот. Қабули қарорҳои ҷазодиҳӣ ва ислоҳи кормандон оиди тарбияи рӯҳию ахлоқӣ дар менеҷмент.

  1. Ташкили муҳити ба пеш ҳаракаткунандаи кадрӣ дар менеҷмент ва вобаста аз ин мақсаду вазифагузории кадрӣ.

  2. Ҷорӣ намудани меъёрҳои баланди маданиятшиносии қаҳрамонони таърихӣ, пешвоён, донишмандону бузургони соҳа, ҷудо кардани қаҳрамонӣ ва корҳои шоистаи роҳбарони бахшҳои алоҳидаи менеҷмент, мукофотдиҳӣ ва таблиғи муваффақиятҳои шахсиятҳои барҷастаи менеҷмент.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки барои ноил гаштан ба маданияти баланди корхона, одамон ва рафтори онҳо доимо бояд дар маркази диққати менеҷмент қарор гирад. Ҳалли ин муаммои муҳими роҳбарӣ имкон медиҳад, ки менеҷмент меҳнати пурсамарро ташкил намуда, ба одамон ва фаъолияти кори онҳо таъсири калон расонад. Менеҷмент ҳеҷ гоҳ самаранок кор карда наметавонад, агар ҳақиқатпараст, адолатпараст набошад ва манфиати одамонро ба инобат нагирад. Менеҷмент аз тамоми қонуниятҳои рафтори инсонӣ бохабар буда, некию бадӣ, донишмандию сустсаводӣ, боғайратию камғайратӣ, ростқавлию дурӯғгӯӣ ва дигар хислатҳои хоси ҳар як кормандашро бо пуррагӣ бояд бидонад, биомӯзад, истифода бубарад ва ислоҳ намояд.

  1. Раванди омӯзиши мазмуни фалсафии меҳнат он аст, ки он бояд ба ҳар як корманд чунин имконоти фардию иҷтимоиро таъмин созад:
    воситаҳои истеъмолии ӯро афзун намуда, талаботҳои ҳаётиашро қонеъ гардонад; дар корҳои неки қонунӣ расман иштирок намуда, ба одамон хизмат расонад, қобилияти зеҳнии худро амалӣ гардонида, ҳаловати рӯҳию маданӣ бубарад; ба зинаи худнишондиҳӣ ва худтасдиқкунӣ расида, қобилиятҳои шахсиятнокии худро нишон диҳад; ҳуқуқи инсонии худро дар интихоби касб, роҳбарӣ ва инкишофи маданияю маърифатӣ таъмин карда тавонад; мақсадгузорӣ ва вазифагузорӣ намуда, нақшаҳои инфиродии хешро дар амал ҷорӣ карда тавонад;
пешина
аз 463
навбатӣ