Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳамчун воситаи баландбардории донишу мартабаи касбӣ, сифатҳои касбмандӣ ва эҷодкорию ихтироотро ба даст оварад; фаъолияти бехатарро барои хеш, фарзандон ва ҷомеа интихоб карда тавонад.

  1. Раванди таъмини фаҳмишу дарки рӯҳиявӣ - мадании рафтори иқтисодии роҳбарӣ.

Рафтори иқтисодии роҳбарӣ низ қисми таркибии фаъолияти рӯҳӣ мадании сарварӣ буда, моҳияти таҳлилии нишондиҳандаҳои иқтисодии рафтори роҳбарро вобаста аз системаи мавҷудаи иқтисодии ҷамъиятӣ инъикос менамояд.
Дар ҳақиқат, вақте корманд рафтори иқтисодии роҳбарро ба системаи мавҷудаи ҷамъиятӣ ва факту рақамҳои ба дастомада, арзишу нарх таҳлил мекунад, хоҳ нохоҳ дар худ як ҳолати рӯҳиявии рафтори роҳбарро пайдо сохта, вобаста аз он дар оянда кору фаъолият менамояд. Чунин як раванди рӯҳӣ - мадании консепсияи менеҷмент имкон медиҳад, ки роҳбарон ба худашон бо нигоҳи нави иқтисодӣ назар афканда, аз ҳар гуна қонуншиканиҳои иқтисодӣ даст кашанд.
Чунин равандро ташаккули шуурнокии иқтисодии роҳбар низ мегӯянд, ки аз аксари омилҳои рӯҳию маънавӣ иборат мебошанд.

Шуурнокии иқтисодии роҳбарӣ сифати фардии иқтисодию рӯҳии сарвар буда, хусусиятҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Хусусияти рӯҳию иқтисодии умумӣ, яъне таъминнокии иқтисодӣ, фаҳмиши роҳбар оиди масъулияти иқтисодии хеш, дарки имконот ва дараҷаи таъминотии талаботҳои иқтисодии хеш, роҳҳои баланд бардоштани даромаднокии фардӣ ва ғ.

  2. Моҳияти иқтисодии рафтори роҳбарӣ, яъне нигоҳ доштани низоми истеъмолӣ, сарфакорӣ, соҳибкорӣ, сармоя, қарзгирию қарздиҳӣ, хайрия ва дигар кӯмакҳои молиявӣ.

  3. Муносибат ба пули корхона. Моҳияти пул барои корхона ва шахс, роҳбар ва коллектив, хусусияти рӯҳиявии пулдорӣ ва сармоядорӣ, хоҳиши баланди сарватманд будан, рафтори роҳбарӣ нисбат ба воситаҳои пулӣ, донистани мақоми пул дар ҳаёти шахсӣ ва ҷомеа, тақсимоти иҷтимоии пул ва ғ.

  4. Дарки иқтисодии роҳбар оид ба даромад аз фаъолияти алоҳидаи менеҷмент.
    Ба даст овардани фоида, даромади иловагӣ аз фаъолияти нави менеҷмент, ихтирооту эҷодкорӣ ва кашфиёту технологияи навини истеҳсолию коммуникатсионӣ дар менеҷмент.

  5. Тайёрии рӯҳӣ - мадании роҳбар ба рақобати озоди бозор ва дигар рақибони иқтисодӣ, нишоннагирии роҳбарӣ ба арзишҳои баланди иқтисодии рӯҳию маданӣ дар менеҷмент.

  6. Раванди ташаккули роҳбари намунавӣ - мадании менеҷменти муосир.
    Маълум аст, ки шахсияти дар гузашта роҳбар, аллакай, мартабаи намоёни худро дорад ва аксарият кормандон ва шахсоне, ки чунин роҳбарро медонистанд, дар борааш суханҳои нек мегӯянд ва корномаҳоро ҳамчун образи намунавӣ ба ёд меоваранд. Аммо ба роҳбаре, ки айни замон роҳбарӣ менамояд, баҳо додан мушкилтар мебошад. Бинобар ин, дар раванди ташаккули рӯҳиявии роҳбари намунавӣ як қатор усулҳо истифода карда мешаванд, ки мо қисме аз онҳоро дар китоби 3-4-уми хеш гуфта гузаштаем. Дар ин нуқта бошад, гуфтанием, ки сифатнокии рӯҳии роҳбарон аслан аз таҷрибаи гузашта сарчашма гирифта, аз ҳолати нажодию авлодии худи роҳбар ва баъдан ба таҷрибаю малакаи дониши ҳар як шахс вобастагии қавӣ дорад. Дар ҳар як коллектив ва дар ҳар ҳолати идоравӣ боз муҳити махсуси рӯҳиявию маданӣ ҳукмфармо мебошад, ки роҳбар бояд интихоби дуруст карда тавонад. Аввал, ин ки агар муҳити хуби рӯҳӣ бошад, пас ӯ бояд худро ба ин муҳит мутобиқ кунонида, онро аз будаш хубтарӣ, баландтар бардорад. Вале дар ҳолати қарор доштани фазои мураккабу носолими рӯҳию маданӣ, ӯро мебояд тартиботи нав ҷорӣ намуда, муҳити намунавие ворид созад, ки ба аксарият писанд уфтод. Агар аз ӯҳдаи чунин кор баромада тавонад, пас ӯ худро ҳамчун шахсият - роҳбари намунавӣ нишон дода, дигаронро аз қафои худ бурда метавонад.
    Барои ноил гаштан ба муваффақиятҳо мо пеш аз ҳама шароити одамиро бояд пайдо созем, ки қабули он дар аксари кормандон дар шакли табиӣ дида мешаванд. Дуввум, роҳбари намунавӣ бояд хатти муайяни фаъолияти худро дошта бошад, ки худ асосугор аст. Хислати одамӣ чунин аст ва бояд ба ҳолате

пешина
аз 463
навбатӣ