Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

дунё, аз он ҷумла тоҷикон, ки мо дар боби 44 — ум овардаем, гувоҳи он аст, ки аксари онҳо дар замони зиндагонии худ танкисии молиявӣ кашидаанд, вале баъдан аз мазмуну мундариҷаи асарҳои безаволи онҳо огоҳ шуда, гиромӣ доштанд. Имрӯзҳо ин асарҳо ҳамчун ганчинаи пурарзиши миллӣ мавриди истифода қарор доранд.

Подшоҳону амироне, ки молу сарвати зиёде доштанду маҳсули мадании ин
бузургонро дастгирию эътироф накарданд, номашон аз саҳифаи таърихи башарӣ
дур шуданд ва ё ҳамчун нақши бадӣ боқӣ монданд, аммо номи ин бузургон ва
асарҳои мадании онҳо то абад зинда буда, қимати худро ҳеҷ гоҳ гум накардаанд
ва ба мардум боз даҳҳо ҳазор насл хизмат хоҳанд кард. Чунончӣ баъд 800 сол
мо асари безаволи «Маснавии Мавлавӣ» ё худ 1150 солагии устод Абӯабдуллоҳ
Рӯдакиро ҷашн мегирем. (2007-2008с.)

Дар аксар мамлакати тараққикардаи дунё даҳолати давлат ба маданият ба мисли дигар соҳаҳо меъёри муайяни худро дорад. Вақте ки давлат даҳолати худро зиёд менамояд, ӯ ба таъкид ва эродҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкору сиёсатмадорони ҳизбҳои гуногун гирифтор мегардад. Дар натиҷа, боз ба як маслиҳати умумӣ омада, ризояти институтҳои дахлдорро қабул намуда, тарафҳо ба хулосаҳои зарурӣ меоянд. Бояд гуфт, ки байни менеҷмент, бюрократияи давлатӣ, маъмурияти маҳаллӣ, зиёнён ва университетҳо функцияи тараққул ва инкишофи ҷабҳаҳои гуногуни маданият тақсим ва мувофиқа карда мешавад ва онҳо вазифаҳои муайяни хешро доранд.

Дар мамлакатҳои тараққӣкардаи дунё соҳибкорон равандҳои муайяни инкишофи маданиятро ба ӯҳдаи хеш гирифта, дар натиҷа соҳиби молу мулки зиёд мегарданд, яъне онҳо кашфиёту ихтироот ва эҷодкориҳоро дар соҳаи муайяни тиҷорати худашон молиявӣ намуда, манфиаташонро менеҷменти корхона ва умуман, соҳибкорону ҷомеа мебинад. Чунин раванд имкон медиҳад, ки менеҷменти ташкилотҳо дараҷаи маданиятшиносии кормандони хеш ва бо ин роҳ маданияти корпоративии хешро ба зинаи баланду пешқадам бурда расонанд.
Дуввум, ин ки онҳо бо ин роҳ муваффақият ва навовариҳои технологию истеҳсолиро соҳиб гашта, дар олами соҳибкорӣ эътибори калон пайдо месозанд ва истеъмолкунанда ба онҳо бовар мекунад, ки ин боиси устувории фаъолияти онҳо дар соҳа мебошад.

Менеҷменти ин ташкилотҳо бо роҳи ташаккули мадании корхона, инкишофи маънавии коллектив ва дар маҷмӯъ ҷомеаро таъмин намуда, худашон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавии мамлакат мавқеи баландро соҳиб мегарданд. Аз тарафи дигар, ин имкони васеи фаъолонаи менеҷмент буда, мавқею мартабаи онро дар олами соҳибкорӣ хеле васеъ мегардонад, ки имкон дорад дар ҳудуди якчанд давлат кору фаъолияти самаранокро ба роҳ монад.

Якумро низ бояд қайд кард, ки солҳои охир дар муносибатҳои байналхалқию миллӣ масоили мураккаби сиёсию иқтисодие пайдо гашта истодаанд, ки асосашро қоидаҳо ва меъёрҳои мадании халқу миллатҳо ташкил медиҳанд. Барои батанзимдарории ин масоили басо мушкил ташкилоти байналмилалии ООН, ЮНЕСКО, ПРООН ва Парламенти аврупоӣ, инчунин, якчанд ташкилотҳои байнидавлатӣ сару кор гирифта ва мавқеи муайяне низ соҳиб гаштаанд. Оид ба ин ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ва мақоми онҳо дар ташаккул ва инкишофи муҳофизати маданияти халқу миллатҳои дунё мо боз дар мавзӯъҳои оянда пурратар гуфта мегузарем.

Ҳамин тариқ, мо дар менеҷмент се гурӯҳи институти ташаккул ва инкишофи маданиятро ҷудо намоем:

  1. Донишмандон, олимон, шоирону нависандагон, эҷодкорому ҳунармандон, ихтироъкорон, кашшофон созандагон ва ташаккулдиҳандагони маданияти баланди миллианд.

  2. Истеъмолкунандагон — тамоми ҷомеа, ки ба он ниёзманданд ва хоҳишу талоши инкишоф доранд.

  3. Давлат, ташкилотҳои ватанӣ ва байналхалқӣ, роҳбарони хештаншинос таъминкунандаи моли маданӣ ва пайвасткунандаи он ба истеъмолкунанда мебошанд.

Дар ҳақиқат инкишофи маданиятшиносӣ дар менеҷмент аз кори босамару мақсадноки ҳамин се гурӯҳ вобастагии қавӣ доранд. Нишонагирии ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо ба инкишофи маданияти истеҳсолӣ ва соҳибкорӣ яке аз равандҳои асосии хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷменти муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.

пешина
аз 463
навбатӣ