Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар маҷмӯъ, асоси хештаншиносии роҳбариро бояд дар ҳама ҳолатҳо қоидаҳо ва арзишҳои инкишофёфтаи умумибашарӣ ташкил диҳад, ки мо дар мавзӯъҳои гузашта ёдовард кардаем.

Очеркҳои таърихӣ гувоҳ ҳастанд, ки ҳар гуна зӯроварӣ ва дигаргунсозиҳои сунъии миллӣ (тоҷикро узбек, русро-латиш, чеченро-рус ё худ мусулмонро католик муаррифӣ кардан) дар роҳбарӣ зидди талаботҳои мадании инкишоф буда, ба зиддияти калони байналмилалӣ ва ё норозигии одамон ва кормандон дар коллектив ва ҷомеа оварда мерасонад, ки оқибати хуб надорад. Бинобар ин, дар менеҷменти муосир бояд ин гуногуншаклии мадании одамонро маданияти иҷтимоии менеҷмент, ки асосашро «рафтор ва талаботҳои касбии одамон»
ташкил медиҳад, дар бар гирад. Чунин қоида ба дӯстӣ ва мустаҳкамкунии касбии коллективӣ оварда, фарқияти мадании этникӣ, қавмӣ, авлодӣ, маҳалгароӣ ва пешу табориро аз байн мебарад.

Дар ин муҳит маданияти муносибатҳои тозаи кории одамон табиӣ боқӣ монда, дигар унсурҳои маданӣ мавқеи дуюм ва сеюмдараҷаро мегиранд ва ё умуман ба инобат гирифта намешаванд.

Чуноне ки дар боло қайд намудем, сарчашмаи умумият ва алоқамандии этносии одамон ин умумияти генетикӣ, шароити табиии зиндагӣ ва умумияти шакли фаъолият ва хоҷагидорӣ буда, дар ҷараёни инкишофи тамоми башарӣ нисбат ба умумияти миллӣ, ки дар таърихи нави башарӣ ба майдон омадаанд, пештар пайдо гаштааст. Аз ин хотир, маданияти этноиҷтимоӣ нисбат ба маданияти миллӣ решаҳои мустаҳкамтар дорад, аммо мафҳумҳои миллӣ ва арзишҳои миллӣ ва умуман, фаҳмиши маданият хеле мураккабу печ дар печ буда, дарк ва риоя накардани он аксар маврид ба муборизаҳои байнидавлатӣ оварда мерасонад.

Аслан, маданияти миллӣ бо роҳи худтасдиқкунии халқҳо оид ба хислатҳо ва меъёрҳои фарқкунандаи хеш, забон, дину оин, нишонаҳои таърихии давлатдорию хоҷагидорӣ ва ғ. шинохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳар як хислати номбурдашудаи миллӣ аз дигар халқу
миллатҳо куллӣ фарқ менамоянд. Аз рӯи баъзе ақидаҳо маданияти миллӣ дар
натиҷаи инкишоф ва ташаккули худшиносии гурӯҳи муайяни одамон, ки
умумиятҳои калон доранд, ба вуҷуд омада, онҳоро бо ҳам мепайвандад. Ин

пешина
аз 463
навбатӣ