Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

деҳот, ки аксар маврид он ҷойҳо таъсири маданияти динӣ пуркувват аст, шояд қобили қабули одамон нагардад. Оиди диншиносии менеҷмент бошад, мо дар боби оянда алоҳида ба таври муфассал гуфта мегузарем.

Бояд қайд кард, ки дар аксар мамолики Ғарб ва қисман Шарқ солҳои охир ҳар гуна ҳаракатҳои ҷавонон бо номи таййирдиҳандагони маданияти хоҷагидорӣ ё худ иҷтимоӣ ба майдон омадааст. Онҳо гӯё аз мавҷудияти зермаданият, ки ба гуногуншаклии синфии ҷамъият овардааст, зид буда, тозагии маданияти миллиро талаб менамоянд. Ё ин ки мавҷуд будани ҳар гуна рокмаданияти ҷавонон, зидиятникӣ, ҷараёнҳои нави шарқӣ ва ғайра, ки ба маданияти миллӣ метавонанд таъсири манфии худашонро расонанд, на бояд аз системаи зермаданӣ берун баромада, ба қоидаҳои умумӣ ва қонунҳои мамлакатҳо мухолиф бошанд.

Мавҷуд будани якрангини маданияти миллӣ барои ташкили корхонаҳои байналмиллӣ ва вобаста аз ин ба барпо кардани маданияти пешқадами байналмиллии менеҷмент кӯмак мерасонад.

Нишонаи дигари ҳамҷояшавии маданӣ дар менеҷмент ин мавқеи географии ҷойгиршавии халқу миллатҳо, умумияти зинаи иҷтимоӣ, иҷтимоию биологӣ ва дигар омилҳои фаъолияти корӣ ва хоҷагидорӣ таъсири худро мерасонад.
Махсусан, ба таъсири омили асосии табиӣ, яъне мавҷудияти захираҳои бони табиӣ (нефт, газ, тилло, об ва ғ.) ва ҳамсоягии ҳудудӣ ба ташкили корхонаҳои муштарак мусоидат карда, менеҷменти навинро ба майдон овардаанд, ки аз менеҷменти асри гузашта қуллан фарқи маданӣ доранд. Талаботи асосии маданиятшиносии роҳбарӣ дар менеҷмент маҳз аз ҳамин нуқта сарчашма гирифта, талаб менамояд, ки роҳбар аллакай оиди этнос ва худшиносии этносин кормандонаш бархӯрдор буда, ҳуқуқу манфиати онҳоро поймол насовад.
Инчунин ҳар як аъзои менеҷмент ва умуман коллектив бояд оиди маданияти этноиҷтимоии хеш маълумоти пурра дошта, онро қабул намоянд.

Ҳамин тариқ, худшиносии роҳбарӣ дар менеҷмент на фақат ба мавҷудияти воқеии қоидаҳо ва арзишҳои умумибашарӣ, инчунин, боз ба воқеан мавҷуд будани қоидаҳо ва арзишҳои фарқкунандаи рафтори халқу миллатҳои гуногуни дунё, равона гардидааст, ки аз тарафи аксарияти онҳо қабул аст.

пешина
аз 463
навбатӣ