Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

54.1. Диншиносӣ дар системаи иҷтимоию мадании
менеҷмент

Дар замони муосир кам ҳолатҳое ба миён меоянд, ки мо зиддияти динӣ ва иҷтимоию иқтисодиро мушоҳида менамоем, яъне акнун дин ҳам ба сифати қисми таркибии маданияти иҷтимоӣ баромад карда, дар инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа мақоми арзандаи худро касб карда истодааст. Дар аксари мамолики дунё меъёр ва арзишҳои диниро дар қатори дигар арзишҳои маданӣ пазируфта, онҳоро эҳтирому риоя ва мувофиқи ҳидояти китобҳои динӣ кору фаъолият менамоянд.

Хонандаи азиз, дар ин қисмати китобамон мо аз ҳар гуна баҳодиҳии сиёсии дин даст кашида, фақат мавқеи маданию таълимисти онро дар инкишофи роҳбарӣ ва фаҳмишу дарки ҳолатҳои роҳбарӣ дар менеҷмент гуфта мегузарем.

Бояд гуфт, ки дар роҳбарӣ аксар маврид аз надонистани мазмуни фалсафии ин ё он раванди таълимоти динӣ роҳгум зада, хатоҳои беасосе зоҳир менамоем, ки ба фаъолияти роҳбарӣ ва ҷаҳонбинию расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ зиёни калон мерасонанд ва ё монеи инкишоф мешаванд. Бинобар ин, бояд донем, ки дин чист ва кадом арзишҳо ва меъёрҳоро мо метавонем аз он ҷо истифода бубарем, то ба ҳадафҳои волои хештаншиносии роҳбарӣ бирасем.

Дар ҳақиқат, ақидаҳои атеистӣ ва низоми иқтисодиёти нақшавии Шӯравӣ зиёда аз 70 соли ҳукмронӣ дар Тоҷикистон, донишу фаҳмишу хоҳиши омӯзиши мо тоҷиконро каме аз падидаҳои маданияти шарқии хоҷагидорию роҳбарӣ дур сохт. Шукронаи соҳибистиқлолияти Тоҷикистон, ки имрӯз миллати тоҷик тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз овои омӯзишу риояи арзишҳои миллӣ, аз он ҷумла дини ислом барқарор гашта истодааст. Мо боварӣ дорем, ки дар оянда ин арзишҳо баробари дигар арзишҳои менеҷменти муосир қоидаҳои асосии рафтори ҳар як фарди хештаншиноси тоҷик, махсусан, роҳбарони тоҷик хоҳад гардид.

Имрӯзҳо таҷрибаи аксари мамолики тараққикардаи дунё гувоҳи онанд, ки
арзишҳои динӣ ва меъёрҳои диниву миллӣ дар таҷрибаи зиндагии дунявӣ хеле
самаранок истифода карда мешаванд ва диншиносӣ ҳамчун қисми таркибии

пешина
аз 463
навбатӣ