Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

маданиятшиносии менеҷмент ва босифати фанни таълимии алоҳида дар макотиби олии дунявӣ низ таълим дода мешавад.

Бояд гуфт, ки динҳои дар олам мавҷуд буда шаклан гуногун ва мазмунан чунон мураккабанд, ки нисбати ҳамаи онҳо маълумоти муфассал додан хеле мушкил мебошад. Масалан, дар Шарқ ва қисме аз мамолики Ғарб дини ислом, христианӣ ва яҳудӣ Худоро яккаву ягона ва созандаи ҳамаи мавҷудоти рӯи олам шуморида, мепарастанд. Дар Хитой ва дигар мамолики Шарқи Дур бошад, дини конфутсизм, буддизм ва даосизм мавҷуд аст, ки гуногунбовариро ҷорӣ карда, амал менамоянд. Вале нуқтаи умумии таълимоти ҳамаи динҳо он аст, ки дар онҳо боварӣ ба қувваи бузурги осмонӣ, ки аз ягон қонунияти олами моддӣ вобастагие надорад, яъне боварӣ ба қувваи ягонаи Худованд ва қувваи кайҳонии арвоҳҳо ва фариштаҳо дида мешавад.

Ғайр аз ин, ҳар як дин боз сарчашмаҳои худро дорад, ки мувофиқи он низоми арзишҳоро кор карда баромада, фаъолият менамоянд. Масалан, барои дини ислом Қуръони Шариф ва ҳадисҳои пайғомбари он Ҳазрати Муҳаммад (с) ва қонуниятҳои шариат ҳамчун роҳнамои асосӣ хизмат менамоянд.

Агар мо аз нигоҳи илмӣ назар афканем, тамоми динҳои дунё дар асоси меъёрҳо ва арзишҳои мукаммали донишу донишмандӣ ба вуқӯъ пайвастаанд.
ПАС, барои мо ҳамчун роҳбар омӯхтан ва аз худ кардани дин ҳамчун сарчашмаи назариявии рафтору низоми роҳбарӣ, аз манфиат холӣ намебошад.
Ҷомеашиносон ва диншиносон ба хулосае омадаанд, ки дин ҳамчун низоми коллективии рӯҳию тасаввурии муттаҳидсозии ҷомеа ва ташкили муносибатҳои олии байни шахсони алоҳида ва ҷомеа хизмат мерасонад. Мо низ ин ақидаро пурра тарафдорӣ намуда, меъёрҳо ва арзишҳои диниро мехоҳем ҳамчун омили асосии ташкили самараноки фаъолияти менеҷмент ва муттаҳидии коллективии корхона истифода барем.

Гарчанде дар типологияи диншиносӣ ду шакли динҳо аз назари дунявӣ баҳо дода, онҳоро ба Худошиносӣ ва қувваи бузурги коинотӣ ҷудо кунанд ҳам, ҳарду аз як нуқта сарчашма мегиранд, ки ин ҳам боварӣ ба қувваи бузурги ягонаи Илоҳӣ мебошад.

Аз нигоҳи таълимоти менеҷмент бошад, мо фаҳмишҳои диниро ҳамчун
дониши Олии маънавию рӯҳии инсонӣ, ки дар китобҳои муқаддаси онҳо қайд

пешина
аз 463
навбатӣ