Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

рафтори хеш дар назди Худованд ва дуввум дар назди роҳбараш ҷавобгӯй мебошад, чунки ягона қонунбарори ҳаёт ин Худованд буда, нозир ва муҳофиз низ худи Ӯ мебошад. Ҷорӣ кардани қоидаи муҳими масъулиятнок дар фаъолияти менеджмент ва ҳар як роҳбар самаранокии фаъолият ва ҳисси ҷавобгарии ӯро хеле баланд мебардорад. Меъёрҳо ва қоидаҳои корие бояд дар менеджменти муосир ташкил карда шаванд, ки ҳар як аъзои коллектив дар ҷои кори худ пурра масъулияти фардиро ҳис карда, ҷавобгар бошад.

54.2. Мақоми ислом дар инкишофи хештаншиносии роҳбарии менеджмент

Хонандаи азиз, мо акнун ба зинае расидем, ки оид ба мақоми дини мубини ислом ва арзишҳои ахлоқии он барои роҳбари менеджменти тоҷик, гуфта гузарем. Оид ба дигар динҳои дунё худдорӣ фақат ба он хотир менамоем, ки аз дарки фаҳмишҳои онҳо кам бархӯрдорем ва мепиндорем, ки аз ҷониби мо иштибоҳе содир нашавад. Дар баробари ин, эҳтироми тамоми динҳоро ҳамчун раванди тарбияи ахлоқӣ дар менеджмент эҳтиром менамоем ва боварӣ дорем, ки онҳо низ дар тарбияи хештаншиносии роҳбарӣ, дар кадом давлату халқу миллате, ки набошанд, мақоми арзанда доранд. Дар ин нуқтаи назар, мо диққатро бештар ба он қисмати исломшиносӣ равона месозем, ки барои роҳбарӣ зарур буда, дар расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ дар менеджменти тоҷик кӯмаки бевоситаи худро мерасонад.

Вақте ки ҳар як роҳбар ба муҳити табиат назар меафканад, ду чизро мушоҳида менамояд. Яке қонунияти табиии ҳаракат ва дигаре рафтори одамӣ мебошад, ки вобаста аз донишу ақлу хиради инсонӣ сурат мегирад, яъне Худованд барои ҳар яки мо ду сарчашмаи васеи омӯзиши рафториро муҳайё сохтааст. Яке сарчашмаи бузурги қувваи илоҳии ҳаракати табиии Замину Осмон ва дигаре, сарчашмаи ақлонии одамӣ, ки интихоби озоди фаъолиятро дошта, тавассути ақл метавонад Худои яккаву ягонаро шиносад, парастиш намояд ва ё

пешина
аз 463
навбатӣ