Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

атеист бошад. Худованд барои нишон додани роҳи дурусти интихоб ба бандагон «Қуръони Шариф»-ро нозил карда, қонуниятҳои ахлоқии он «Шариат»-ро ҳидоят намуданд.

Ин ду сарчашмаи илоҳии рафторӣ, моро вазифадор менамояд, ки интихоби дурусти ақлонӣ дошта, онро дар тафаккури худ дарк ва мувофиқ ба он машғули кору фаъолият бошем, чуноне ки дар мавзӯъҳои гузашта мо ишора ба қонуниятҳои тозаи табиат намуда, онро ҳамчун намунаи рафтори роҳбарӣ баҳо дода, пешниҳод кардаем. Дар ҳақиқат, реҷаи пурзӯри рафториро мо дар чархи гардиши ҷисмҳои осмонӣ мебинем, ки новобаста аз хоҳиши мо, ва бе тағйироту иловаҳо дар доираи вақти муайян ва бо низоми муайян ҳаракат менамоянд.

Мисол, ҳаракати офтобу моҳтоб ба чашми мо хеле намоён мебошад, ки шабу рӯз такрор ба такрор, паи ҳам омада, ба мо шароити хуби зиндагонӣ ва меҳнатро муҳайё месозанд. Ин реҷаи устувори ҳаракат ва низом моро маҷбур месозад, ки дар роҳбарӣ атрофи ин масоил андеша намоем. Яке аз раванди чунин андешарониро мо дар таълимоти дини ислом бевосита пайдо карда метавонем, ки аз нигоҳи мо раванди беҳтарини расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷмент мебошад. Чунин интихоби васеи фаъолият новобаста ба халқу миллат, авлоду нажод ва мавқеи географию сатҳи иҷтимоӣ, дар таълимоти ислом дастрас мебошад. Аз ин маълум мегардад, ки меъёрҳо ва арзишҳои исломӣ интихоби озод дошта, дарки ақлониро талаб менамояд, яъне фақат роҳбаре ба зинаи баланди инкишофи роҳбарӣ расида метавонад, ки аз меваҳои ин «боғи маънавӣ» дар менеҷмент самаранок истифода намояд.

Талаботи ислом низ чунин аст ва мусулмони ҳақиқӣ ҳамонест, ки ба зинаи муайяни маънавӣ расида, аз одамони оддӣ фарқ мекунад.

Пас, фаҳмиши арзишҳои исломӣ низ, инкишофро эътироф ва ҳидоят намуда, роҳбарро ба хештаншиносӣ наздик месозад. Худованд ба ҳар як шахс қобилияти дарки рафтори дурустро тавассути ақлҳояшон додааст. Муҳим он аст, ки мо ба он нуқтаи ақлонии хеш расида тавонем. Маълум мегардад, ки қувваи илоҳӣ бар инсонҳо баробари пайдоиши худ ба ин олам дода шудааст ва дунё ягон вақт бе дин вуҷуд надоштааст.

Аз ин ҷо, риояи талаботҳои маънавии ақлонии хеш барои ҳар як инсон,
риояи таълимоти Худованди бузург мебошад, ки дар китоби муқаддаси Қуръон

пешина
аз 463
навбатӣ