Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мақсади асосии ба ҷо овардани ҳаҷ пайвастани боварӣ ба ягонагии Худованд ва намозе мебошад, ки ҳар як мусулмон мегузорад. Аз ин хотир, Каъбаро метавон маркази дини ислом номид, ки тамоми дигар фаъолиятҳои заминии диншиносӣ аз он нуқта сарчашма гирифтаанд.

Роҳбари хештаншинос дар менеджмент бошад, дафтари кориашро бояд ба чунин маркази покию дӯстдорию боварию мақсадгузорӣ ва оғози қарорҳои неки роҳбарӣ табдил диҳад. Аз ин хотир, барои ҳар як роҳбар зарур аст, ки баъди соҳиби дафтари корӣ гаштан, онро тозаю озода нигоҳ дошта, фақат бо мақсади холиси фаъолияти роҳбарӣ истифода намояд ва барои дигар кормандон низ ин хонаи умед гардад. Роҳбари хештаншинос баробари вориди дафтари кории худ гаштан, бояд ҳамон маросим ва ӯҳдадориҳое, ки мусулмонон дар зиёрати хонаи Худо менамоянд, иҷро намояд, яъне бо дилу нияти софи чун оина тоза вориди ин дафтари корӣ гашта, мақсаду мароми роҳбариро аз ҳамин нуқта оғоз бахшад. Адолати роҳбариро нигоҳ дошта, ҳақиқатпарасту накӯкор, ба мӯҳтоҷон ғамхору меҳрубон, тозаю дилсофу бекина, дӯстдори касби худ бошем, ба шайтону фиребгарону нотавонбинон санг партоему ба худ наздик нагузорем ва дар фикри нек бошем, Худо хоҳад корамон пурбарор гашта, ба мақсадҳои олии хеш мерасем.

Хонандаи азиз, мо ин панҷ талаботи исломро бароятон пешниҳод карда, таъкид дорем, ки онҳо на як рафтори алоҳидаи оддӣ, балки бо ҳам зич пайваста буда, фалсафаи бузурги ақлонӣ доранд ва моро ба як мақсади олии амон бурда мерасонанд. Ҳар яке аз ин зинаҳо ба мо қуввату ғайрати алоҳида бахшида, қобилияти рӯҳиямонро баланд мебардоранд.

Мо низ инкишофи менеджментро дар панҷ зина таҳлил карда, тадқиқот бурдем ва хулосаҳои илмиро бароятон бо мақсаде пешниҳод намудаем, ки ҳар як зинаи онро пурра омӯхта, ташаккул ёфта ба зинаи олии хештаншиносии роҳбарӣ бирасед ва кору фаъолиятон пурбарор гардад. Бинобар ин, панҷ китоби таълимию тарбиявии мо низ ба якдигар зич пайваста буда, якдигарро пурра карда, аз талаботҳои оддӣ ба мураккаб аз рафтори оддии роҳбарӣ то дарки чуқури фалсафии роҳбар ҳидоят менамоянд. Ин албатта, тадқиқоти як нафаре мебошад ва шояд дорои баъзе нуқтаҳои баҳснок ҳам бошад. Бинобар ин, аз хонандаи азиз узр мепурсем ва ният дорем, эроду дастгириҳои Шумо на

пешина
аз 463
навбатӣ