Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Раванди ташкили системаи адолати иҷтимоӣ дар ислом. Мувофиқи раванди таълимоти ислом тамоми инсонҳо аз як падару модаранд. Бинобар ин, дар назди таълимоти ислом гурӯҳбандии одамон аз рӯи нишонаҳои сиёҳпӯстию сафедпӯстӣ ва ё тоҷику ӯзбеки русу тотор будан дида намешавад. Фақат фарқият дар он аст, ки қисме ба Худованди яккаву ягона боварӣ дошта мусулмонанд, дигаре боварӣ ба бисёрхудоӣ доранд ва қисми сеюм асосан бе дину бе мазҳабанд. Муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи мусулмонон дар асоси бародарию баробарӣ ва якдигарфаҳмию дастгирии ҳамдигарӣ ба роҳ монда шудааст. Дар хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷмент низ таъкид карда мешавад, ки ҳар як аъзои коллективи менеҷмент бояд аз рӯи адолати иҷтимоӣ кору фаъолият намуда, ёру бародар ва кӯмакрасону меҳрубони якдигар бошанд. Агар баландбардории дараҷаи некӯаҳволии ҷомеа вазифаи ҳар як фарди мусулмон бошад, вазифаи муқаддаси роҳбар таъмин намудани дараҷаи некӯаҳволии кормандони худ ва умуман баланд бардории дараҷаи самаранокии истеҳсолӣ, бо роҳи ба инобатгирии талаботи одамон мебошад. Нигоҳи дигари ин талабот одамонро аз роҳи бад гардонида, ба некию накӯкорӣ ва роҳи рост ҳидоят кардан аст. Касеро аз роҳи бад гардонида, ба роҳи рост ва меҳнати ҳалол равона сохтан агар аз як тараф, қарзи мусулмонӣ бошад, аз тарафи дигар, қарзи ҳар як роҳбари хештаншинос дар менеҷмент ба шумор меравад. Бадию бадкорию зӯроварӣ, мастию ҳавобаландӣ ва зино кардан, дар таълимоти ислом мамнӯъ буда, ҳамчун унсури ҷудоиандозию вайронкорӣ ва гуноҳи азими фаъолияти инсонӣ ҳисоб карда мешавад. Дар менеҷмент низ роҳбар на бояд ба чунин вайронкориҳо роҳ дода, муҳити рӯҳии коллективро ноором созад. Аз ин хотир, роҳбари хештаншинос худ бояд пешвои адлу адолат, покию тозагӣ ва ба дигарон намунаи ибрат бошад, то ҷомеаро аз қафои худ бурда тавонад.

  2. Раванди концептуалии системаи иқтисодии ислом. Барои мусулмонон, аслан, талаботҳои рӯҳии инсонӣ мавқеи асосӣ дорад. Ҳар як фарди мусулмон дар фаъолияту кори худ бояд диққати асосиро дар навбати аввал ба тарбияи рӯҳиявии худ дода, танҳо баъд аз он дар андешан

пешина
аз 463
навбатӣ