Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

меҳнатӣ додан ва ӯро дар парасторӣ гирифтан, инчунин, дар оила ва нисбат ба оиладорӣ муомилан хуб доштанро талаб дорем. Бубинед, ки ин меҳрубонии Худованд аст ва мо наметавонем муқобили он рафтор дошта бошем.

Нуқтаи дигари назарияи илмии ислом барои менеҷмент ҷолиби диққат аст, ки ҳанӯз зиёда аз 1400 сол пеш оиди ягонагии изи ҳар як бандаи Худованд ва нишонаи махсус доштани изи дасти вай дар Сураи «Қиёмат» (75:4) омадааст, ки: «Оё гумон мекунад инсон, ки ҷамъ намекунем устухонҳои пӯсидаи ӯро? (не) балки ҷамъ мекунем қодир бар ин ки ҳамвор кунем сари ангуштҳояшро. Мо ҳатто аз сари нав ҳар як ангушти инсонро шинохта ҷамъ меорем». Олимон исбот намудаанд, ки ангушти инсон ҳанӯз дар шиками модараш шакл гирифта, дар тамоми умри ӯ ҳамон нишона боқӣ мемонад. Дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ мутахассисон фақат дар охирҳои асри XIX исбот намудаанд, ки ягона нишонаи асосии муайян намудани шахсияти одамон ангушти вай мебошад, ки ҳеҷ гоҳ дигар намешавад ва дар ягон давру замон ду ангушти шахси якхела дошта, мавҷуд набуд ва намебошад. Оятҳои илман асосноки Қуръон ба инсоният ҳанӯз 1400 сол пеш ин мӯъҷизаро фаҳмонда, ягонагии ҳар як одамро дар рӯи замин исбот намудааст. Аз ин хотир, роҳбари хештанишиносро зарур аст, ки ба ҳар як корманди хеш муносибат ва талаботи махсус зоҳир намуда, бидонад, ки ҳар як корманд дорои иқтидори фардии имконоти илоҳист ва дар инкишофи менеҷмент метавонад мақоми махсуси худро дошта бошад. Аз тарафи дигар, роҳбар ин нуқтаро дарк карда, ташкили фаъолияти масъулиятноки фардии ҳар як кормандро бо рӯҳи демократии озоди ҳуқуқӣ борд таъмин созад ва ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ надиҳад, чунки ҳама дар назди Худованд якранг шинохта шуда, хислатеро дар худ доранд. Барои дарки пурраи низоми табиии инсонҳо, Худованд боз дар ояти дигари Қуръон таъкид ба тартибу низому рафтори занбури асал намуда, хеле олӣ нишон додаанд, ки ташкили хусугидории мо дар менеҷмент бояд аз рӯи чунин қоида сурат гирад.
Сураи «Наҳл», 16: 68- 69, « .. аз тамоми меваҷот нӯши ҷон кунед, қатъиян бо роҳе парвоз намоед, ки Худованд ба шумо ҳидоят намудааст». Аз ин ҷо, мо як нуқтаи дигареро барои менеҷмент гирифта метавонем, ки оиди тақсимоти дурусти ҳокимият ва вазифаҳо дар корхона ва талабот барои иҷрои кору фаъолияти ҳар як корманд мебошад, ки дар мисоли фаъолияти занбури асал дар

пешина
аз 463
навбатӣ