Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
заковат, ки принципи ягонаи ғалаба мебошад, Шуморо доим мададгор хоҳад гашт. Муборизаи ақлонӣ ва зеҳнӣ имкон медиҳад, ки душманро то охир мағлуб намуда, ақидаи ҳақиқатпарастии худро дар менеджмент самаранок амалӣ гардонед.
Дар ҳақиқат, масоили ҳокимиятдорӣ ва тақсимоти захираҳо аз масоили иҷтимоию маъзнавӣ буда, аз ҳар як роҳбар зинаи баланди инкишофро талаб менамояд. Қонуни илоҳии ҳокимият бо маслиҳати қабила ва ё гурӯҳи алоҳидае ба вуҷуд наомада, балки барои тамоми башарият равона гардидааст.
Ҳамаи ҳокимон ва роҳбарону иҷрокунандагон бояд барои иҷрои ин қонунҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки онҳоро Худованд назм кардааст, яъне озодии комили фаъолият, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ташкили кору фаъолияти поки инсонӣ.
Аз тарафи дигар, қонуни илоҳии инсонӣ вуҷуд дорад, ки мусулмони комил ҳеҷ гоҳ дунёпараст набуда, доимо андозаро нигоҳ дорад ва дастгиру мададгори ҳамдигарӣ бошанд.
Бубинед, ки ҳар қадар аз умри одамӣ нагузашта бошад, ҳанӯз сарваре ва ё подшоҳе пайдо намегардад, ки молу мулкаш асрҳо боқӣ монаду идома дошта бошад. Фақат он моли зеҳние, ки инсоният дар роҳи ҳақи худшиносӣ иншо намудааст, метавонад даҳҳо ва садҳо насл боқӣ бимонад ва миллиардҳо одамон аз он баҳра бубаранд. Чуноне ки мо дар боби 43 ва 44-уми ҳамин китоб аз ганҷинами бебаҳои мутафаккирони бузурги миллати тоҷик ва гуфтори хирадмандонаи онҳо ғизои маънавии руҳро пайдо карда, боз ба Шумо хонандаи азиз пешниҳод намудаем.
Аз ин бармеояд, ки фақат моликияти маданӣ метавонад далели ахлоқии инсоният буда, ном ва эҳтироми роҳбарро боз садсолаҳо дар ҷомеаи инсонӣ нигоҳ дорад. Инсоният ба моликияти иҷтимоӣ — маъзнавӣ эҳтиёҷи баланд дошта, бояд мероси моддӣ ва маънавиро барои насли худ гузошта тавонад.
Чунин таълимот дар ҳокимият мардумро ба он ҳидоят менамояд, ки самаранок кору фаъолият дошта, барои насли ояндаи ҳеш пасандози маънавию моддиё дошта бошанд, яъне худ асаре иншо намояд, мадрасае бино созад, фарзандони комилро ба воя расонида соҳибмаълумот гардонад ва ному кори неки маърифатнокро боқӣ гузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё