Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
55.1. Механизми иқтисодии ташкили инкишофи роҳбарӣ ва одаткунонӣ дар менеҷменти муосир
Ҳазорсолаи сеюм, инсоният ба муваффақиятҳои бузурги илмӣ ноил гашта, ширкатҳо ва ташкилотҳои байналхалқие таъсис ёфтаанд, ки дар аксари мамолики дунё соҳиби корхонаҳои хурду бузург буда, рӯзе садҳо ҳазор навъ моли нав таваллуд месозанд ва он ахбор баъди лаҳзае дар тамоми дунё паҳн мегардад. Инчунин, ба коинот парвоз намуда, ҳаракати хурдтарин ҷисмро дар рӯи замин назорат менамояд. Чунин тағйиротҳои иқтисодии замони навин ҷамъият, давлат, корхона ва ҳар як фардро вазифадор месозад, ки оиди инкишофи башарӣ, махсусан, инкишофи хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷмент андеша намояд. Имрӯз роҳбар маҷбур мебошад, ки ба муҳити сиёсӣ, иқтисодӣ, табиӣ, иҷтимоӣ ва худаш назари нав, назари хештаншиносӣ дошта бошад. Диққати асосиро бо роҳи инкишофи иқтисоди мамолики пешқадами дунё ба худашон ҷалб менамоянд, ки махсусан, озодии қобилияти фардӣ, дониши баланди касбӣ, инкишофи баланди маънавию рӯҳӣ ва мавҷудияти сармояи азими башарӣ, имкони васею самараноки роҳбариро дар менеҷмент таъмин карда метавонад. Аз ҳамин хотир, механизми иқтисодии инкишофи корхона низ бояд ба худ як шакли иҷтимоӣ гирифта, таъмини ташаккули хештаншиносиро барпо сохта тавонад.
Албатта, чунин талаботро мо барои инкишофи иқтисодии менеҷменти корхонаҳои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик, ки гузаштаи бузурги хоҷагидорӣ ва донишмандони таърихӣ, асосгузорони хиради роҳбарӣ доранд, ногузир шуморида, таъкид менамоем, ки имрӯз замоне расидааст, ки инсон ҷои худро дар ҷомеа пайдо намояд.
Таи чандин сол аст, ки ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ПРООН ба масоили инкишофи башарӣ диққати махсус дода, барои ҳар як давлати ҷаҳон ҳисобот менависад, ки банда низ яке аз муаллифони ин тадқиқот дар Тоҷикистон мебошам. Дар он ҳисобот нишондиҳандаҳои асосии инкишоф, аз қабили давомнокии умр, маълумотнокии аҳолӣ, таҳсил дар макотиби олӣ, даромади

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё