Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Нуктаи дигарро бояд қайд намуд, ки механизми иқтисодии менеҷмент доираи фаъолиятҳоеро дар бар мегирад ва ба муносибатҳои истеҳсолие тааллуқ дорад, ки асосашро ба даст овардан, истифода ва нигоҳ доштани сармояи башарӣ ташкил менамояд. Бинобар ин, ташкилот ҳамчун системи эволютсионии инкишофи роҳбарӣ бояд ба нақшаҳое нишонагирӣ намояд, ки пеш аз ҳама сарчашмаи инкишофи мадании ҷомеа гашта, истеъмолкунандаро аз қафои хеш бубарад. Сиёсати иқтисодии ҷомеаро низ бояд ба ӯҳдаи менеҷменти корхонаҳо погузор намоем, ки ташаккули маданият, некуаҳволии мардум ва сармоя дар ламин нуқта тавлид гардад. Рақобати корхонаҳо дар бозори озод бошад, рақобати инкишофи маданию иқтисодии халқу миллатҳо гашта, ҳамкориро дар самти соҳибкорӣ бояд инкишоф диҳанд. Худи маънои фалсафии эволютсия низ ҳамин маъмунро ба худ дошта, имконоти васеи паҳншавии қобилияти зеҳнии ҷомеаро дар асоси низоми муайян ва қонунияти муайян ба амал татбиқ намудан мебошад. Аз нигоҳи биологӣ ин маъмуни инкишофу тағйирёбии табиати зинда буда, дигаршавӣ, инкишоф ва устувории экосистемаро меноманд, яъне мутобиқшавӣ бо муҳити тағйирёбандаи ҳаётӣ мебошад, то шароити хуби инкишофро таъмин созад.

Эволютсияи механизми иқтисодии менеҷменти корхона тағйирёбии миқдорӣ ва сифатии фаъолияти роҳбарӣ мебошад, ки дар ҷараёни дуру дарози вақт мавқеъ ва маъмуни фаъолияти корхонаро муайян карда, ҳолати устувории сармоявии онро нигоҳ медорад. Дар ин нуқта низ асоси механизмиро омили мавҷудияти захираҳои башарӣ ташкил дода, фаъолнокии онҳо бевосита, ба зинаи инкишофи зеҳниашон вобастагӣ дорад. Аз ин хотир, барои фаъолияти самаранок ва устувори ин система, пеш аз ҳама ба инкишофи хеҷтаншиносии роҳбарӣ диққати махсус бояд дод, махсусан ба шахсоне, ки маъмуну мундариҷа ва манфиатнокии қарор аз қобилияти дарки амали онҳо вобастааст.

Масоили муҳими дигари амалӣ гаштани механизми эволютсионии иқтисодӣ мувофиқашавии иҷтимоӣ (кормандон) ба шароит мебошад. Албатта, дар ин ҷо низ зина ба зина ва пайдарпай гузаштан усули мақбул буда, дар кормандон рефлекси иҷрои фаъолият ва қабули маданияти навин пайдо гашта, онҳо дар шакли механикӣ ба он ворид мешаванд, ки ҳатто худашон пайхас наменамоянд.

пешина
аз 463
навбатӣ